Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамдиёрони арҷманд!
Тантанаи ҷашнгирии солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар марҳилае доир гашта истодааст, ки мардуми кишвар дар асоси роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни пуршукӯҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтааст.
Ваҳдати миллӣ, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат бунёд намудааст, сарчашмаи ҳамаи рушду комёбиҳои халқу миллатҳои Ватани мо мебошад.
Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мамлакати мо ба туфайли сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор гузошт. Муносибатҳои хуби ҳамкорӣ ва тиҷоратиро бо мамолики хориҷии дуру наздик қавӣ гардонд. Дар кишвар корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтанд. Нияти неку созанда ва иродаи қавии сиёсӣ ба Сарвари давлати тоҷикон имкон дод, ки ҳадафи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ба фарҷоми мантиқиаш расонад.
Имрӯзҳо мову Шумо зери таасуроти ташрифи навбатии сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вилояти Суғд қарор дорем ва мавриди зикр аст, ки ҳар як ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Пешвои муаззами миллат дар вохӯриҳо бо мардум хосатан бо зиёиёну фаъолон, деҳқонону саноатчиён бобати фароҳамории зисту зиндагонии арзандаи шаҳрвандон, зиёд намудани ҷойҳои корӣ, ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободониву созандагӣ, шукронаи истиқлоли давлатӣ мулоқотҳои самимӣ баргузор менамоянд, ки сокинони ноҳияро рӯҳбаланд ва иқтидору имкониятҳои онҳоро барои зафарҳои навин қавитар мегардонад.
Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Зеро ваҳдати миллӣ ба таъмини волоияти қонун, раҳоии иқтисодиёти кишвар аз бӯҳрон, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзандаи шаҳрвандон мусоидат карда, исбот намуд, ки халқи тоҷик дорои эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва хиради азалӣ буда, қудрати бузурги эҳёгарии он боиси чунин комёбиҳои назаррас гардидааст.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири таърих арзёбӣ карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар чаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор додаанд.
Ҳар сол мову шумо Рӯзи Ваҳдати миллиро бо рӯи сурху сари баланд ҷашн гирифта, ба хуби эҳсос мекунем, ки ваҳдат ва истиқлолият ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Аз ин лиҳоз, халқи бузурги мо ба қадру қиммати сулҳу ваҳдат ба хубӣ мерасанд ва ба онҳо арҷ мегузоранд.
Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол аз сол қавитар мегардад. Амнияту оромӣ, ки маҳз маҳсули сулҳу ризоияти миллӣ мебошад, имкониятҳои осудагии кишвари моро бештар фароҳам овардааст.
Бори дигар кулли ҳамдиёрони азизро ба муносибати таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ ва саодати миллат табрик гуфта, хушбахтӣ, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Ид муборак, ҳамватанони азиз!