НУРУ ЗИЁИ ДОНИШУ ҲИКМАТ РАҲНАВАРДИ ҶОДАИ САОДАТ БОШАД!

1 - уми сентябр раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, бо ҳамроҳии Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ситоди корӣ бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№8 - и ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, омӯзгорону толибилмонро бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил муборакбод намуданд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нигора Ғаффорӣ зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самти афзалиятноки ҷомеа будани соҳаи маориф ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки тантанаҳои баргузории Рӯзи дониш низ далели дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат қарор доштани илму маориф ва донишу маърифат мебошад.

 

Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омӯзгорону хонандагонро бо Рӯзи дониш таҳният гуфта, афзуд, ки дар остонаи таҷлили ҷашни хуҷаставу ҳумоюнии 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамҷавор бо ин рӯйдоди фархундаву мубораки миллат фаро расид. Тарбияи фарзанд рукни пойдори саодату шукуфоии оила маҳсуб мешавад. Маҳз фарзанди соҳибтарбия ва бофарҳангу хирадпеша манбаи ибрату ифтихор ва шарафу номуси хонаводаву ҷомеа буда метавонад ва ин ақидаи воқеан раднопазир аст. Дар ин маврид бо камоли ифтихормандӣ аз пешаи омўзгорӣ ибрози андеша намуд, ки дар таълиму тарбияи насли ояндасоз, зиёдтар аз волидон омӯзгорон нақши барҷаста доранд. Ҳақиқатан, дар ҳамаи давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, ҳамчунин масъулияти пешоҳангӣ, раҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дўши омўзгорон ва устодони соҳибтаҷриба вогузор шудааст.  Бинобар ин дар ҳар баромаду суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсоси гарми эҳтиромгузорӣ ва таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба аҳли зиё ифода ёфта, муаллимон махзани тиллоӣ ва равшангарони роҳи фардои ҷомеа эътироф шудаанд, ки ин баҳои арзанда ва шаҳодати раднопазир дониста мешавад. Камоли хурсандист, ки маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар татбиқу амалигардонии сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои рӯзафзуни Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар пешрафти соҳа аз ҷумла, ободу маъмур гардонидани кишвари азиз, омӯзиши забонҳои мухталифи олам ва навовариҳои технологияи навин, тарғиби инсондӯстиву маърифатгароӣ, эҷодкориву бунёдкорӣ қадам зада, бо саъю кӯшиш дар рушду инкишофи он саҳми арзанда мегузоранд, ки шоистаи таҳсин аст.

 

 

Бо оғоз гардидани соли нави таҳсил барои ҳар хонанда як давраи пурбору босаодат кушода мегардад. Шумо бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, фазои сулҳу суботи саросарӣ ба макони муқаддаси илму иршод қадам гузошта, баҳри фардои дурахшони ин миллату меҳан ва камолоти маънавии худ нерӯи зеҳнии худро муқтадир мегардонанд.  Оғози соли таҳсил рӯзе аст, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ гузошта мешавад.

Дар идома Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ситоди корӣ бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону муҳассилини ин боргоҳи маърифатро муборакбод намуда, гуфт, ки даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан наву тозаро дар таърихи муассисаҳои таълимии кишвар боз намудааст.

Дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлату ҳукумат пешбурди кулли соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа мавқеи шоиста дорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки кору пайкор ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар Соли нави таҳсил низ барои ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса роҳнамои фаъолият баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тадрис мегардад.

Дар идома аз номи кумитаи падару модарон Масъуда Гадойбоева ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат изҳори сипосмандӣ намуд.

Дар ин рӯз ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№8 аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои пешрафти раванди таълиму тарбия як тахтаи электронӣ, як таҷҳизоти чопӣ (принтер) ва 5 компютер тақдим карда шуд.

 Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳайати ҳамроҳон аз синфхонаҳо ва шароити таълими тадрис боздид намуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ ороста, бо хонандагони синфҳои болоии муассиса суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш, бахшида ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон тариқи оинаи нилгун тамошо карданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

 

Конец формы

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.