БО МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2022, №417 бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии  медали Хизмати шоиста Иброҳимзода Султон Иброҳим – директори хонаи маданияти ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Лакимзода Абдумуъмин – сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҳакимзода Ҳомидҷон Қенҷа - сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бо мукофоти давлатии медали Шафқат Ҷӯразода Муродҷон Абдуалӣ – сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардонида шуданд. Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.