Ғолибон қадрдонӣ гардиданд
Ба муносибати таҷлили 31 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни ноҳиявии «Хонаи беҳтарин», «Кӯчаи беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Барои ташаббусҳои шаҳрвандӣ» баргузор гардид. Тибқи натиҷаи комиссияи ноҳиявӣ хонаи Асатулло Ҳабибуллоев, - сокини ҷамоати деҳоти Зарзамин, кӯчаи ба номи Эркаш Юсупов№44, дар номгӯи «Хонаи беҳтарин» ғолиб дониста шуда, бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Кӯчаи ба номи Абдуғаффор Ҳасанови ҷамоати деҳоти Хистеварз барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни ноҳиявии «Кӯчаи беҳтарин» бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ, деҳаи «Мусаффо» - и ҷамоати деҳоти Унҷӣ дар номгӯи «Деҳаи беҳтарин» ба маблағи 5000 сомонӣ ва шаҳраки Ғафуров дар номгӯи «Барои ташаббусҳои шаҳрвандӣ» ба маблағи 2000 сомонӣ ғолиб дониста шуда, бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибон дар рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, қадрдонӣ гардиданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров