ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Раиси вилояти Суғд изҳори таслияти Пешвои миллатро ба пайвандони қурбониёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расонид

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба наздикону пайвандони қурбониёне, ки дар натиҷаи ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ҳалок шуданд, изҳори таслият ва эҳсоси ҳамдардии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 

«Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори таслият карда, ба онҳо сабри ҷамил хост», — омадааст дар иттилоияи Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бояд тазаккур дод, ки 14-17 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд.

Зимни ин амалиёт ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва системаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд, ки боиси ба ҳалокат расиндани сокинони осоишта гардид.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.