Дар доираи сафар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» ба истифода доданд

16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.

 

Боғи фарҳангию фароғатии дар ин макони таърихӣ ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, таҷассуми марҳилаи созандагию ободкорӣ дар кишвар, тӯҳфаи арзанда ба ҷашни фархунда мебошад.

Маркази фарҳангию фароғатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар масоҳати 7 гектар дар асоси лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии “САНИОСП” дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев” бунёд карда шудааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмону ободониро коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Бунёди Аҷам” ва “Раҳмониён” анҷом додаанд.

Боғи фарҳангию фароғатии тозабунёд якҷоя бо Қасри таърихӣ, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва ҳудуди ободу мавзеи назаррабо маҷмааи таърихию муосир, макони тамошо, сайру саёҳати сокинону меҳмонони дохилию хориҷӣ гардидааст.

Дар даромадгоҳи асосӣ дарвоза ҳамчун рамзи ворид шудан ба ин макони таърихӣ бо паҳноии 34 метр ва баландии 20 метр сохта шудааст. Дар бунёди дарвоза санги табии травертини конҳои маҳаллӣ истифода ва ба он шукӯҳу зебоии хоса мебахшад .

Аз дарвоза ба самти иншооти асосии боғ — “Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ роҳрави калони ду тарафаш сабзу хуррам бунёд карда шудааст.

Муҷассамаи “Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ таҷассумгари иҷлосияи таърихӣ ҳамчун анҷумани наҷоти миллату давлат, барқарории сулҳу ваҳдат, эҳёи давлатдории навин ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки бо баландии 38,5 метр сохта шудааст. Рамзи кураи замин ва нурпошии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон инъикосгари дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби мақоми хоса гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Дар тасвири китобҳо саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон аз соли 1992 то имрӯз, яъне баргузории иҷлосияи таърихӣ, садоқати фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарзамини аҷдодӣ ва халқ, роҳи тайкардаи Тоҷикистони навин дар тӯли ин солҳо, пешрафт ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ инъикос ёфтааст.

Дар ду тарафи роҳрави асосӣ 2 фаввораи калон ва 7 ададӣ фаввораҳои хурд дар атрофи онҳо бо истифода аз унсурҳои меъморию рассомӣ, нақшу гулкориҳои Қасри таърихии “Арбоб” сохта шудаанд. Дар гирди фаввораҳо 4 адад суҳбаткада барои истироҳат бо паҳноии 8,3 метр ва баландии 10 метр бо усули миллӣ бунёд гардидааст.

Масоҳати қисмҳои чапу рости боғ барои сайру гашти сокинону меҳмонон, шуғлу бозии кӯдакону наврасон, солимгардонӣ истифода шудаанд. Дар қисми чап маҷмӯи таҷҳизоти варзишию тарбияи ҷисмонӣ, таҷҳизоти бозии кӯдакон васлу насб гардида, макони истироҳату бозии кӯдакон, машқу тамрини наврасону ҷавонон ва солимгардонию тарбияи бадан барои сокинон мебошад.

Дар қисми рости боғ гулгашти назаррабо дар масоҳати 1,7 гектар аз мавзеи зебою дилорои боғи фарҳангию фароғатӣ гардидааст. Беш аз 250 ҳазор бех гули навъи чамангули ҳарранга шукуфтааст. Тибқи нақша дар гулгашт мавсими оянда садбарг шинонида шуда, майдони гулгашти садбарги ҳарранга мешавад.

Дарахтони сояафкану ороишӣ асоси хуррамию зебоии боғ аст. Беш аз 1000 бех анвои гуногуни дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарги сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар ба обу ҳавои минтақа мутобиқ ворид ва шинонида шудаанд. Боғ дар шомгоҳону шабона низ макони сайру гашту истироҳату тамошо аст. Чароғонкунии боғро коргарону мутахассисони ширкати инноватсионии “Само”-и шаҳри Хуҷанд бо истифодаи 180 адад сутунпояҳои бо тарҳу дизайни хоса сохташуда ва васли лампаҳои каммасрафи светодиодӣ амалӣ намудаанд.

Ҳамаи майдону роҳравҳои боғ бо истифодаи санги хорои Хуҷанд сохтаю оро дода шудааст. Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди муассисаи давлатии “Қасри маданияти Арбоб” боз як иқдоми созандаю ободонӣ ва шаҳодати вусъати бунёдкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати сулҳу суботи ҷомеа ва ҳадафҳои созанда сарчашма мегиранд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.