Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 500 гектар токзори нав бунёд мешавад

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 500 гектар токзори нав бунёд карда мешавад.

 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи токзори нав шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳия бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода 500 гектар токзори нав бунёд карда хоҳад шуд. Ба иттилои масъулин бо бунёди токзори нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Шоистаи таъкид аст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар вилоят то кунун 114 гектар токзори нав бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам ташкил гардидааст. Дар маҷмуъ, дар минтақаҳои вилоят 11 ҳазор гектар токзори наву анъанавӣ мавҷуд буда, соли ҷорӣ ангурпарварони вилоят беш аз 57 000 тонна ҳосил ба даст овардаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои татбиқи лоиҳаи нав, анҷоми саривақтии корҳои агротехникӣ ва ташкили боғу токзори нав ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят дастур дода, иброз дошт, ки ба масъалаи истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳия бо рафти бунёди гармхонаи нав шинос шуд. Гармхонаи нав аз тарафи соҳибкор Илҳом Исмоилов якҷо бо шарикон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфта, масоҳати он 1,1 гектарро ташкил медиҳад. Тавре мушоҳида гардид, корҳои ташкилӣ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта, гармхона бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами кишоварзони Кореяи ҷанубӣ бунёд гардида истодааст. Парвариши сабзавот дар гармхона бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои навтарин ба роҳ монда шуда, он дорои маркази гармидиҳии махсус мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода ташкили чунин гармхонаҳои муосирро, ки бо мақсади татбиқи нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда истодааст, муфид арзёбӣ карда, барои ба охир расонидани корҳо тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.