Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ва гармхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди иншооти гуногун ва азхудкунии заминҳои нав идома дорад.

 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳия бо корҳои сохтмонии як қатор иншооти ҷашнӣ шинос шуд. Раиси вилоят аз ҷумла сохтмони фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Анқо»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба иттилои масъулин фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши 350 ҳазор сар мурғ пешбинӣ шуда, айни замон васлу насби таҷҳизот идома дорад. Бо ба охир расидани корҳои сохтмонӣ даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба роҳ монда хоҳад шуд.

Раиси вилоят бунёди фабрикаи парандапарвариро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, таъкид кард, ки солҳои охир бо истифода аз имтиёзҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо фабрикаи парандапарварӣ фаъол шуд, ки дар натиҷа бозори дохилӣ бо гӯшти мурғ ва тухм таъмин гардид. Дар самти содироти гӯшти мурғ ва тухм бошад қадамҳои авалин гузошта шуд ва дар назар аст, ки дар оянда содирот зиёд карда шавад.

Сипас, роҳбари вилоят бо ҷараёни бунёди гармхонаи наву муосир, ки аз ҷониби соҳибкорон бо ҷалби мутахассисони Кореяи ҷанубӣ сохта мешавад, ошно гардид. Гармхонаи замонавӣ барои парвариши помидору бодиринг пешбинӣ гардида, бо харҷи 1 миллион доллари ИМА сохта шуда, ҳоло ба таври таҷрибавӣ парвариши кӯчату тухмии помидору бодиринг ба роҳ монда шудааст.

Дар идомаи боздид Раҷаббой Аҳмадзода бо нақшаи таъминоти оби полезии минтақаи Рухак шинос шуда, барои идомаи корҳои обёрӣ, харидории агрегатҳои нав ва гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои ин мавзеъ ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини идораҳои вилоятӣ дастуру супоришҳо дод.

Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ва гармхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди иншооти гуногун ва азхудкунии заминҳои нав идома дорад.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.