МУБОРАКБОДИИ И.В.РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БАХШИДА БА ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони азиз!
Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки ҷашну суннатҳои мардумӣ ва мазҳабии худро озодона таҷлил намоем. Моҳи шарифи Рамазон – моҳи саршори имон ва меҳр, хайру сахо ва мағфирати гуноҳҳо ба охир расид. Тамоми мардуми ноҳия ва кулли ҳамватанонамонро ба муносибати иди саиди Фитр самимона муборакбод намуда, ҳар яки Шумо ва хонадонатон сиҳатмандиву осоиш, хушбахтиву баракоти рӯзгор, имону инсоф ва комёбиҳо таманно менамоям.
Пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми шодбошӣ ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки ҳадафи дини мубини ислом тарбияи инсони солеҳ аст ва моҳи Рамазон беҳтарин фурсат ва накӯтарин мактаби ахлоқӣ дар роҳи расидан ба ин мақсад мебошад. Инчунин дар заминаи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии дохил ва хориҷи кишвар иброз доштанд, ки «дар шароити имрӯза – бар асари гармшавии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай бисёр кишварҳои дунё аз норасоии маводи озуқа ва болоравии нархҳо танқисиву азият мекашанд. Ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастурхони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот аз ҳар яки мо масъулияти баланд ва заҳмати боз ҳам бештарро тақозо менамояд. Фаромуш набояд кард, ки Худованд ризқу рӯзӣ ва хайру баракати ҳар шахсро ба ақлу хирад ва заҳмату талоши ӯ вобаста медонад.»
Яке аз масъалаҳои асосии суханронии Пешвои миллат ин оид ба пос доштани арзишҳои динӣ, шинохти моҳият ва фазилатҳои рӯзадорӣ ва моҳи шарифи Рамазон, талқини хайру саховатмандӣ ва риояи фарҳанги сириштакорӣ бахшида шуданд.
Дар ҳақиқат, моҳи шарифи Рамазон моҳи ихлосу сипос, меҳру муҳаббат, моҳи худшиносиву худошиносӣ буда, инсонро ба росткорию ростгӯӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, ба сабру қаноат ва ба иттифоқу муттаҳидӣ ва ваҳдат даъват менамояд. Дар ин моҳи Шариф ҳамаи мо бо нияти холис аз сидқи дил барои тинҷиву амонӣ, ободонии диёр меҳнат кардем, тоату ибодат ба ҷо овардем. Ин моҳи муборак на танҳо ҳисси инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмии моро афзун мекунад, балки ба саломатии мо, сиҳатии рӯҳу ҷисми мо, офияти маънавии мо низ манфиати бешумор мебахшад.
Дар шароити имрӯза фазои динии аксари кишварҳои олам, бахусус як қатор мамлакатҳои мусулмониро ҷангу набардҳои даҳшатбор, кирдорҳои нафратовари экстремистиву террористӣ фаро гирифтаанд ва дар натиҷаи чунин амалҳо ҳазорон нафар одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар аз хонаву кошона ва ватани худ маҳрум гардида, ба фирориёни маҷбурӣ табдил ёфтаанд. Гурӯҳу созмонҳои экстремистиву террористӣ бо истифода аз шиорҳои диниву мазҳабӣ мехоҳанд авзои ҷомеаи муосирро ноором ва суботи кишварҳои оламро халалдор созанд.
Дар чунин шароит моро зарур аст, ки моҳияти равандҳои муосирро ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва мардумро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, некиву накӯкорӣ ва амалҳои дигари хайр даъват намуда, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.
Бузургони мо фармудаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон беназир буда, аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри рӯза низ савоби зиёд дорад. Ҳамасола дар арафаи идҳои суннатӣ корхонаву ташкилот ва муассисаҳои ноҳия, сохторҳои кишоварзиву тиҷоратӣ тибқи супоришоти Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои умумихалқӣ баҳри ободонии диёри худ доир намуда, ба қишри ниёзманди ҷомеа, беморону барҷомондагон, ятимону пирони танҳо кумакҳо мерасонанд. Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба дармондагон, маҷрӯҳону пирони танҳо, ки дар рӯзҳои ид чашми умед сӯи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст мебошад.
Бори дигар ҳамагонро бо Иди саиди Фитр табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям. Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.
Иди саиди Фитр муборак бошад!