ПАЁМИ ТАБРИКИ И.В РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БАХШИДА БА 78-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо  мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва  сулҳу  ваҳдат, ки  бо  азму  талошҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  даст  омадааст, фаъолияти  софдилона  зоҳир  намуда, ҳадафи  асосии  худро  дар  ободониву  шукуфоии  кишвар, қавӣ  гардонидани пояи  сулҳи ҷовидона ва ҳалли муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ равона намуда истодаанд. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати ҳафтаи «Поси хотир» корҳои ободониву созандагӣ вусъат дода шудааст, пеш аз ҳама барои мардонагиву диловарӣ ва каҳрамониҳои бемисл ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони фидокори ақибгоҳ ва кулли ҳамдиёрони азизро бо 78-умин солгарди Ғалабаи бузург табрику муборакбод менамоям.

 

Дар  таърихи  тӯлонии  ҳаёти  башарият  руйдодҳое  ба  вуқӯъ  пайвастаанд, ки  бузургӣ  ва  шаҳомати  онҳо бо гузашти  замон  боз  ҳам  бештар мегарданд. Рӯзи  Ғалаба  бар  фашизм, ки  имрӯз  дар  миёни  мардуми  сулҳпарвар  ва  тараққихоҳи  ҷаҳон  78 сол инҷониб таҷлил  мегардад, аз  ҷумлаи  ҳамин  гуна  руйдодҳои  фаромӯшнопазир  аст. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки 20 ҳазори онҳоро абармардони ноҳия ташкил мекунанд, иштирок намудаанд. Боиси ифтихору сарфарозиҳост, ки барои шуҷоатмандиву ҷоннисорӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ 5 нафар сокинони ноҳия – Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Ахмедов, Раҳимбой Раҳматов ва Исмоил Ҳамзаалиев ҳамчун Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ эътироф гардидаанд. 

Ин санаи  таърихӣ  дар  қатори  собиқадорони  ҷанг ва одамони калонсол барои наслҳои имрӯза ҳам гиромиву муқаддас аст, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату матонати падарону бобоёни  мост. Нӯҳуми май моҳиятан рӯзи шодиву нишот аст  ва  ҳамчун  санаи  ёдбуди  шахсоне, ки  барои  халқу  Ватан  ҷони  худро  нисор  кардаанд, ҳамасола таҷлил карда мешавад. Мо  имрӯз  ба   хотири  тамоми қурбониёни  ҷанг  сари таъзим  фуруд  меорем. Ёди  онҳо  ба  хайр  ва  рӯҳашон  шод  бод!

Бори дигар ҳамаи онҳое, ки баҳри фардои дурахшони Ватан ҷонбозиҳо кардаанд ва дар радифи ҳамаи шахсоне, ки барояшон ин санаи таърихӣ азизу мӯътабар аст, тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрику муборак бод гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, осмони софу сулҳи ҷовидонаро таманно менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.