Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ вусъат меёбад.
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳия мумфаршкунии роҳи деҳаҳо оғоз ёфта, 1 км роҳ мумфарш карда мешавад. Қабл аз ин 3 км роҳи деҳаҳои ҷамоат мумфарш шуда буд ва ин иқдом идома ёфта истодааст.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон бо ёдоварӣ аз густариши корҳои ободонию бунёдкорӣ таъкид кард, ки дар саросари вилоят омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни таърихии миллат идома дошта, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ силсилаи иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардида истодааст.
Аз сокинони ҷамоат, ки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, даъват карда шуд, ки барои ободонию хуррамгардонии маҳал беш аз пеш саҳмгузор бошанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд