Ҷавононро гумроҳӣ ба ифротгароӣ мебарад
Аз рӯи нишондоди оморӣ, ҷавонони то 30-сола қариб 70% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба ин хотир, вақте мегӯем, “ҷомеа”, асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте “мушкилоти ҷавонон” мегӯем, пеш аз ҳама, мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар назар аст.
Гуфта мешавад, имрӯзҳо ба ҳисоби миёна беш аз 80%-и таркиби гуруҳҳои ифротиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо дарназардошти рушди технологияи муосир ва осебпазир гардидани фазои иттилоотӣ, беш аз 90%-и ҷавонон ҳадафи ҷалби эҳтимолӣ ба гуруҳҳои ифротӣ қарор гирифтаанд. Ин, воқеан, рақами нигаронкунанда ва ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Албатта, мавқеи коршиносон нисбат ба омилҳо ва сабабҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ гуногун мебошад. Аз маъмултарин сабабҳои матраҳ дар муҳокимаи коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ба суръати тез ҷалб гардидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ инҳо мебошанд:
— бекорӣ;
— камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ;
— саводи казоии динӣ ва дунявӣ надоштани як қишри муайяни ҷомеа;
— дур мондани насли хурдсол аз таълиму тарбия;
— ноустувории оилаҳо;
— бетарафии фаъолони ҷомеа;
— фаъолияти сусти муассисаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ…
Албатта, бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ аз ҷумлаи омилҳои ибтидоӣ буда, наметавонанд ба унвони омили асосӣ истифода шаванд. Масалан, метавон аз тамоми дунё чандин мисолҳо овард, ки аксари нафарони ба гуруҳҳои ифротӣ пайваста аз лиҳози бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ камбудӣ надоштанд. Нафароне ҳам, ки ба ин омилҳо ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, бешак, ба онҳо омилҳои минбаъда таъсири асосиро гузоштааст. Вагарна, ба ҳеҷ ваҷҳ он гуруҳҳои ифротӣ барои эшон шароити беҳтару хубтари зиндагӣ пешниҳод карда наметавонанд. Баръакс, эшонро ба сӯи ранҷ ва маргу бадбахтӣ тела медиҳанд.
Вобаста ба ин масъала нахуст як нуктаро мебояд ба инобат гирифт, ки пайдоиши гуруҳҳои ифротӣ бештар аз рақобатҳои идеологӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву геополитикии қувваҳои муайян сарчашма мегиранд. Дар ин рақобатҳо аз ҳама бештар диққат ба нуқтаи ҳассостарини эътиқоди омма, яъне бовариҳои динии он мутамарказ шудааст ва ин яке аз роҳҳои осони тафриқа андохтан байни ҷомеа мебошад.
Яке аз сабабҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дурии ҷавонон аз фарҳангу тамаддун ва бехабарӣ аз асли дину оин номида мешавад. Чун муҳаққиқон ва соҳибназарон бар ин ҳастанд, ки маҳз дур мондани ҷавонон аз мутолиаи китоб онҳоро ба ҳар гуна иқдом мебарад.
Агар истилоҳи “ифротӣ”–ро шарҳ диҳем, мебинем, ки мафҳуми “ифротӣ” ё радикал (тундрав) аз вожаи юнонии родикс (radix) гирифта шуда, нахустин бор дар Англия тавассути Чарлз Ҷефер Фокс, аз раҳбарони ҳизби либералӣ (Виг), дар мавриди мухолифони лоиҳаи ислоҳоти соли 1832 ба кор бурда шудааст. Аз ҳамон замон ҷиноҳи муҳофизакори ҳизби либерал ба “радикал” машҳур шуд. Дар Фаронса низ ҳизби ба ном “ҳизби ҷумҳурихоҳи радикал ва радикализми сотсиалист” вуҷуд дошт, ки пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз эътибор афтод.
Аммо дар ҷомеаи имрӯз “ифротгароӣ”, хусусан дар якчанд даҳсолаи асри 20 ва ибтидои асри 21, хеле вусъат пайдо кардааст. Дар ин солҳо харакатҳои ифротгароии динӣ ва гуруҳҳои тундрав хеле фаъол гаштаанд, ки ҷунбиши “Толибон”, “Ал-қоида”, “Ҳизбу-т-таҳрир” ва “Давлати исломии Шом ва Ироқ” аз зумраи ин созмонҳои мамнуъ эълоншуда мебошанд. Ин созмонҳои ифротӣ ва террористие ҳастанд, ки дар атрофи Тоҷикистон низ чарх мезананд. Мутаассифона, яке аз хусусиятҳои манфии созмонҳои ифротӣ дар он мебошад, ки онҳо шиорҳои диниро истифода бурда, аз номи дини мубини ислом баромад мекунанд.
Ин аст, ки гуфта мешавад, имрӯзҳо аз хавфноктарин гуруҳҳои ифротӣ ин ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидошта мебошанд, ки бо сӯистифода аз номи ислом дар ҷомеа нуфузи муайян ба даст оварда, дар пайи фитна ангехтан байни ҷомеа мебошанд. Ҳодисаву воқеаҳои кишварҳои арабӣ бори дигар хатарнок будани ин омилро нишон доданд. Яъне, новобаста аз исломӣ будан ва набудани давлат, новобаста аз мусалмон будан ё набудани аксари аҳолии кишвар, агар ихтилоф ангехтан лозим бошад, ҳатман онро аз дидгоҳи бархӯрдҳои диниву мазҳабӣ ва тафриқа байни диндорон роҳандозӣ хоҳанд кард. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин, ки барои чунин гуруҳҳо аз ислом танҳо номаш лозим аст ва ин ҳам барои гумроҳ сохтани мусалмонон.
Дуруст аст, дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад.
Бархе аз муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки аъзои гуруҳҳои ифротӣ нишонаҳои хос доранд ва ҷавононро зарур аст, ки онҳоро шиносанд. Дигаргунӣ дар дашному ҳақоратҳо ва сару либос, намозгузорӣ, интихоби мусиқӣ, канораҷӯӣ, мутолиаи пайвастаи китобҳои идеологӣ, муносибат бо ҷинси муқобил, равобити виртуалӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.
“Ҷиҳод фарз ва шаҳид шудан дар роҳи Худову дини Худост ва ҳар маврид, агар нафаре туро ба ҷиҳод даъват мекунад, бояд аз зану фарзанд, падару модар ва тамоми пайвандон бигзарӣ ва агар ин корро накунӣ, бидон, ки ту мусалмони ҳақиқӣ нестӣ”… Ба ҳамин мазмун сабтҳое дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ рехтааст, ки солҳои аввали зуҳури давлати ба ном исломӣ фазои маҷозиро пур мекард ва мағзшӯён аз онҳо ҳамчун “василаи таъсирнок” барои ҷалби ҷавонон истифода мекарданд.
Аслан, ба гуфтаи коршиносон, истилоҳи “ҷиҳод”, ки дар даҳсолаи ахир байни ҷомеаи динии Тоҷикистон хеле зиёд, баланд ва бо итминон садо дод, номувофиқ буд. Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки барои суҳбат ва ё амри маъруфҳо дар ин бора байни ҷомеае, ки беш аз 70 сол таҳти таъсири идеологияи зиддидинии шӯравӣ қарор дошту зиёда аз ин, ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, як қадар шитобзадагӣ ва то ҷое хатарзо ба ҳисоб мерафт. Гуфта мешавад, халқи таърихан мусалмони тоҷик, ки дар натиҷаи ин сиёсатҳо ва ин ҷанги шармовар аз ислом то андозае дур гашта буд, ба дарки чунин мавзуҳои мураккаб ва хеле ҳассос омода набуд, балки натиҷаи баръакс оварда метавонист ва то ҷое овард. Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи шарҳу тафсири нодурусти “ҷиҳод” аз ҷониби руҳониёни камхонда ва онҳое, ки пинҳонӣ бо гуруҳҳои ифротӣ ҳамкорӣ доштанд, дар зеҳни насли ҷавон, камсавод ва бекор ақидаҳои ғалат дар мавриди ин истилоҳ ба вуҷуд омад.
Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои фаъолшавии гуруҳҳои террористиву экстримистӣ ва хатарҳои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор додаанд ва эшонро ба муттаҳидшавӣ алайҳи чунин зуҳуроти номатлуб даъват намудаанд. Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора дар баромадҳои худ аз мардуми кишвар даъват ба амал меоранд, ки “ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед”, “ватану миллати худро дӯст доред”, “ба арзишҳои милливу маънавии худ эҳтиром гузоред”. Инчунин, дар муроҷиат ба асолатбохтагону раҳгумзадагон босароҳат таъкид кардаанд, ки “ба ватану миллат хиёнат накунед”, “ба умеди хоҷагони хориҷиатон нашавед. Онҳо бо дасти худамон хонаи моро сӯзонда, моро дар миёни оташ гузошта баромада мераванд”.
Аз ин таъкидҳои Сарвари давлат бармеояд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз нуфуз ёфтани гуруҳҳои ифротӣ ин ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардум мебошад.
Ҳамзамон, ҷиҳати бохабар шудани ҷомеа аз рукнҳои аслии ислом бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ тарҷума ва паҳн карда шуд. Дар ин бобат фаъолони ҷомеаро зарур аст, ҳамвора дар байни мардум, махсусан ҷавонон кор бурда, ба эшон воқеияти арзишҳои динӣ ва муносибати онҳоро ба арзишҳои дунявӣ фаҳмонанд.
Яке аз минбарҳои аслии гуруҳҳои ифротӣ сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мубаллиғон мавзӯъҳои баҳснокро ба муҳокима мегузоранд, нуқтаи назари худро бо истифода аз номи Худо ва аҳодиси Пайғамбар кӯшиш мекунанд то андозае мутобиқ созанд ва дар охир иштирокчиёни баҳсро ба ҷониби худ ҷалб намоянд. Дар ин маврид омили пешгирикунанда ҷавоби сазовор додан ба эшон аст. Ин раванд бетарафиро намепазирад. Фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки фаъол будани худро нишон диҳанд ва дар бахсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ на ба ҳайси тамошобинони бетараф, балки ҳамчун ҳомиёни воқеии ватану миллати худ баромад намоянд ва бо таъсири сухани худ иддаои ифротгароёнро ботил сохта, ҷавононро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунанд.
Солҳои охир дар кишвар як қатор иқдомҳои созанда, аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” рӯи даст гирифта шудаанд. Қонун, воқеан ҳам, созанда аст ва дар сурати аз ҷониби волидайн амалӣ гаштани ҳамаи унсурҳои он фарзандон аз тарбияи оила ба хубӣ бархӯрдор гардида, эҳтимоли ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ аз байн меравад. Имрӯз падарону модарони зиёд аз доғи фарзандони худ, ки ба чунин гуруҳҳо пайвастаанд, ранҷ мекашанд. Аксаран, ин натиҷаи ҳамон бетафовутӣ дар таълиму тарбияи фарзанд ва беаҳамиятӣ нисбат ба солимии муҳити атрофи кӯдакон мебошад. Пас ин ҷо низ аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ҷиҳати механизми иҷрои ин қонуни стратегӣ ҳамаҷониба саҳмгузор бошанд.
Дар охир такя ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаниям, ки “Ваҳшонияте, ки имрӯз дар баъзе кишварҳои мусулмонӣ инсониятро фаро гирифтааст, дар таърих назир надорад. Амалҳои бераҳмонаи ифротиён, бахусус созмони террористии ДИИШ, ки на ба кӯдакону занон ва на ба пиру ҷавон заррае раҳм надошта, боиси марги ҳазорҳо афроди бегуноҳ гаштаанд. Манзараи қатлу кушторҳои бераҳмона, овораю сарсон ва гуреза гардидани мардуми бегуноҳ аз ҷумла модарону кӯдакон ҷигари инсонро реш-реш мекунад”.
Ин аст, ки Президенти кишвар вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои мулумонии Шарқро, ки ғарқи гирдоби терроризму экстремизм гардидааст, дар Паёми худ баррасӣ намуда, қайд намуданд, ки “афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”.
Мушкил ҳамеша домангири ҷомеаи ҷаҳон ва бахусус, Тоҷикистон аст ва раҳоӣ аз ин мараз талошу заҳамоти намояндагони тамоми соҳаҳоро талаб дорад. Бояд ҷомеа, муҳит ва мактабу коргоҳ барои ҷилавгирӣ аз пайомадҳои номатлуби ифротгароӣ масъул бошанд ва бикушанд, то ин зуҳуроти номатлуб ҷомеаи ободу озод ва суботу амнияти Тоҷикистони азизро доғдор насозад.
Хуршед АНДАМОВ
ходими илмии Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АИ ҶТ,
номзади илмҳои филологӣ
Бознашр аз рӯзномаи «ИмрӯзNews» №104
аз 20 июли соли 2023