Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.

 Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи ҷумҳуриявӣ маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад. Дар осорхона нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуровро фаро мегиранд.

Дар осорхона гӯшаҳое, чун “Даврони наврасӣ, таҳсил ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров”, “Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров корманди комсомол ва рӯзноманигор”, “Мероси мактуб: мукотиботи Бобоҷон Ғафуров” ва дигар бахшҳо ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин як гӯшаи осорхона ба китоби “Тоҷикон” бахшида шудааст. Дар ин гӯша асосан намунаи асбобу олоти гуногуни қадимӣ, намунаи ашёву ҳунарҳои мардумӣ, деворнигораҳои Панҷакенти қадим, ки дар китоби “Тоҷикон” бо таҳқиқи дақиқи академик ҳамчун далели раднопазири таърихи куҳани миллати тоҷик дарҷ ёфтаанд,  ҷой дода шудаанд.

Зимни боздид иброз гардид, ки гӯшаи “Аллома Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” оид ба қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат аз ҷониби Сарвари давлат ва дигар иқдому ташаббусҳои муҳиме, ки барои зиндаву ҷовид мондани номи академик  анҷом дода шудаанд, маълумот медиҳад.

Дар маҷмуъ осорхона аз се бахш — “Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров”, “Таблиғоти мероси академик” ва “Китобхонаи электронӣ” иборат мебошад.

Дар Осорхонаи ҷумҳуриявӣ ҳамчунин сару либос, мизу курсии корӣ, расмҳои гуногун аз фаъолияти кориву рӯзгори академик ҷойгир буда, дар ин баробар нусхаи мукофоту ҷоизаҳои ӯ дар гӯшаҳои алоҳида гузошта шудаанд. Пас аз навсозиву таъмир ифтитоҳ гардидани ин иншоот, бешубҳа, ба тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ намудани  нигораҳои  ҷамъовардашуда ва рушди таҳқиқу омӯзиши бештари рӯзгори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидати амиқ менамояд.

Пас аз шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрии Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров соядаст гузоштанд.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои фаъолияти босамар, ҷалби мардум ба осорхона, хусусан ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба ин макони фарҳангӣ ба хотири тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.