Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро ифтитоҳ намуданд

Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассиса соли 1967 барои таҳсили 320 нафар хонанда бунёд гардидааст.

Муассиса дорои 16 синфхона, ошхона, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, кабинетҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи иттилоотӣ ва лингофонӣ мебошад.

Солҳои охир дар атрофи муассиса маҳаллаҳои нави аҳолиниш бунёд шуда, боиси зиёд гардидани шумораи хонандагони муассиса гаштааст.

Бо назардошти ин сокинони маҳаллаҳои навбунёд бо дастгирии гурӯҳи соҳибкорон ба сохтмони бинои таълимии иловагӣ ба таври дастҷамъӣ оғоз бахшиданд.

Бинои иловагии нав дорои 8 синфхона барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст мебошад. Дар ошёнаи якум кабинетҳои фаннии ҷуғрофия, табиатшиносӣ, забони русӣ, технологияи иттилоотӣ, дар ошёнаи дуюм кабинетҳои фаннии риёзӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, забони англисӣ мавҷуд ҳастанд.

Дар муассиса 824 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо бунёди бинои иловагӣ шароиту имконияти беҳтари таълиму тарбияи фарзандон фароҳам гардидааст.

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 56 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.

Синфхонаҳо бо мизу курсиҳои замонавӣ, таҷҳизоти таълимӣ, аз ҷумла, тахтаи электронӣ, проектор ва компютерҳо муҷаҳҳаз мебошанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагони муассиса ба масъулони соҳаи маориф бобати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, амиқ омӯхтани фанҳои дақиқ маслиҳатҳои муфид ва дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.