Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даъвати шашум баргузор гардид.
Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кори иҷлосия ифтитоҳ бахшида, тибқи рӯзномаи тасдиқгардида масъалаҳои зеринро ба баррасӣ пешниҳод намуд:
- дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 - уми марти соли 2021, №116 “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
-ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Шамсобод”, №37 Абдуллоева Лола Нуруллоевна оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ;
-тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис Ҳакимзода Ҳомидҷон Кенҷа, муовини якуми Раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сафедтеппа”, №18 оид ба рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-уми марти соли 2021, №116 “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” гузориши муфассал намуда, афзуд, ки дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ин масъала қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 майи соли 2021, №274 “Дар бораи татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар вилояти Суғд, инчунин қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 19 июли соли 2021, №403 “Дар бораи татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расида, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарорҳои мазкур таҳти назорати доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.
-Имрӯзҳо масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи табиат ҷузъи ҷудонашавандаи давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, оқибатҳои ногувори онҳо ҳар фарди соҳибтафаккури сайёраро водор менамояд, ки дар ҳалли ин масоили глобалӣ бетарафӣ зоҳир накунад. Дар шароити мураккаби вазъи экологии ҷаҳон масъалаи маърифати экологии аҳолӣ муддати тӯлонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, муҳофизати арзишҳои гуногуни экологӣ бевосита амали хайру савоб буда, вазифаи шаҳрвандӣ буда, нишонаи эҳтиром гузоштан ба анъанаҳои Ватани аҷдодӣ мебошад, - илова намуд Ҳомидҷон Ҳакимзода, муовини якуми раиси ноҳия.
Сипас, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода ва муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ зимни таҳлили ҳамаҷонибаи ин масъалаи мубрам аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъват ба амал овард, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон чун намояндаи халқ ба масъалаҳои асосии маърифати экологӣ ва ҳифзи табиат дар ноҳия, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ байни шаҳрвандон, ба ин васила ҳамкориро бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия густариш дода, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, аз ҷумла беҳдошти вазъи муҳити зист, рушди энергияи «сабз», истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, сарсабзу хуррамгардонии ноҳия, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосаи мақомоти давлатию фаъолони ҷомеаро ба роҳ монанд.
Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои рушди маърифати экологӣ, гузаронидани вохӯриҳои иттилоотӣ бо аҳолӣ дар мавзӯи маърифати экологӣ, ба роҳ мондани ташкил ва баргузории ҳама гуна аксияҳо доир ба сабзу хуррамгардонии муҳити зисти ноҳия, назорати ҳолатҳои аз тарафи шаҳрвандон партофтани партовҳо дар сари роҳҳо, соҳили дарё, дохили ҷӯйбор ҳатто дар назди бозору нуқтаҳои савдо, ҷиҳати саривақт решакан намудани дарахтони хушкида, ташкили қуттиҳои партов дар назди ҳама ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия бо мақсади амалӣ намудани ҳадаф ва вазифаҳои “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муваззаф гардиданд.
Махсусан дар идома шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия вазифадор шуд, ки бо сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия мониторинги рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2021, №116 “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” доир намуда, оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳар нимсола ба Раиси ноҳия ахбор пешниҳод намояд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Маҷлис вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Шамсобод” №37 Абдуллоева Лола Нуруллоевна оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод.
Сипас, “Оид ба тасдиқи нақшаҳои муфассали ҷойгиронии бинову иншоотҳо”, “Оид ба татбиқи амалии нақшаи муфассали тарҳрезии ҷойгирнамоии биноҳои истиқоматии баландошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ воқеъ дар кӯчаи Ёваи ҷамоати деҳоти Ёва”, “Дар бораи тасдиқ намудани банди 2-юми қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 11.04.2024, №233 “Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии таълимии “Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ кӯдакистони №23”-и ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” ва масъалаҳои дигари баррасигардида вакилон қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров