Шиносоӣ бо ҷараёни навсозии варзишгоҳи деҳоти Исфисор

 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти Исфисор бо ҷараёни таҷдиду навсозии варзишгоҳ аз наздик шинос гардид.

Чуноне маълумот дода шуд, варзишгоҳи мазкур дар қарни 20 сохта шуда, давоми чанд соли охир фаъолияти босамар надошт. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгоҳ навсозӣ шуда, барои машқу тамрини варзишгарон ва гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи баланд шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Тибқи лоиҳа варзишгоҳ дорои 6500 ҷойи нишаст аст ва ҳамзамон иншооти ёрирасон, аз қабили ҳуҷраҳои корӣ ва либосивазкунӣ сохта мешавад.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон анҷом дода шуда, дар назар аст, ки иншоот соли равон мавриди истифода қарор дода шавад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ ба масъулин ва сохтмончиён ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, риояи ҳатмии талабот ва меъёрҳои бинокорӣ, истифодаи масолеҳи хушсифати ватанӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идома роҳбари вилоят дар деҳоти Хистеварз ва деҳоти Унҷии ноҳия аз ҳоли ду нафар собиқадори меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.