Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он 100 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоию вилоят дар 6 моҳи соли 2024 ба рӯзноманигорон маълумот дод.
Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, суботи макроиқтисодӣ дар минтақа нигоҳ дошта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёт ба 16,2 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2 фоиз расонида шуда, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 26,3 фоиз баробар шудааст.
Давоми 6 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 12 милларду 831 миллион сомонӣ расонида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба миқдори 592 ҳазор тонна семент ва 865 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст.
Дар ин давра кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд. Дар натиҷа, ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5 миллиарду 343 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,1 фоиз таъмин гардид.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282 ҳазору 574,7 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 95 ҳазору 117 тонна, аз ҷумла пиёз 37 ҳазору 415 тонна, картошка 55 ҳазору 559 тонна, полезӣ 17 ҳазору 496,7 тонна, мевагиҳо 110 ҳазору 963,6 тонна, аз ҷумла зардолу 103 ҳазору 947,8 тонна, зироатҳои хӯроки чорво 81 ҳазору 750,8 тонна, гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 32 ҳазору 353,9 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 8 ҳазору 401,7 тонна, моҳӣ 441,8 тонна, шир 149 ҳазору 750,6 тонна, тухм 339,6 миллион дона, асал 202,3 тонна ва пашм 1 ҳазору 401,2 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 107,6 фоиз, аз ҷумла пиёз 107,5 фоиз, картошка 128,2 фоиз, полезӣ 100,6 фоиз, мевагиҳо 122,1 фоиз, аз ҷумла зардолу 118,7фоиз, хӯроки чорво 106,4 фоиз, гӯшти чорвою паранда 111,3 фоиз, моҳӣ 102,5 фоиз, шир 105,8 фоиз, асал 105,2 фоиз ва пашм 103,1 фоиз таъмин шудааст.
Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 166 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуда, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 903 гектар гузаронида шудааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархи бозори истеъмолӣ 27 маротиба ярмарка гузаронида, дар маҷмӯъ, ба миқдори 4 ҳазору 809,7 тонна маҳсулот, 1 миллиону 808,4 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуданд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 6 моҳи соли 2024 ба 9 миллиарду 239,9 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 107,5 фоизро ташкил намудааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба 1 миллиарду 475,6 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,2 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 1 миллиарду 55,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 129,3 миллион доллар ё 14 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот бошад аз вилоят дар ин давра 420,1 млн. долларро ташкил намуд.
Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-марти соли 2024 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 60 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2023-юм 110,6 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 39 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 21 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2024 ба андозаи 103,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 милларду 347,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 73,2 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба буҷети маҳаллии вилоят 1 миллиарду 606,8 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 81,1 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 105,3 фоизи нақша мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 1 миллиарду 572,2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1 миллиарду 562,4 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99,4 фоизи нақша мебошад.
Раиси вилоят ҳамзамон доир ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ маълумот дода, таъкид кард, ки бо дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳо таъмин гардида истодааст.
Сипас, роҳбари вилоят ба саволҳои журналистон Ҷовиди Аштӣ, Ӯринбой Усмонов, Обидҷон Каримов, Мадина Почоева, Қудратулло Раҳматулло, Фарзона Муродӣ, Қамари Аҳрор, Нуъмон Раҷабзода, Афзал Босолиев, Мафтуна Шукурова, Уғулой Раҷабова, Мирзоазам Мақсудов, Фирӯза Мирҷумъаева, Фарзон Муҳаммадӣ, Алишери Толиб, Моҳира Раҳимзода, Муслима Раҳимова, Саъдулло Махкамов вобаста ба зиёдшавии музди маош, ҳамкориҳо бо вилоятҳои кишварҳои ҳамсоя, вусъати корҳои кабудизоркунӣ, бунёди кӯдакистонҳо, азхудкунии заминҳо, чароғонкунии варзишгоҳҳо, бунёди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳракҳои навбунёд, вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ, сохтмони биноҳои баландошёна, сохтмони мактабҳо, таъсиси корхонаи коркарди партов, фарогирии наврасон ба истироҳатгоҳҳо, рушди кирмакпарварӣ, истифодаи панелҳои офтобӣ, танзими нархи маҳсулот, муҳоҷирони экологӣ, мумфаршкунии роҳҳо посух гуфт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки рӯзноманигорон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ дастоварду муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро инъикос намуда, дар бартарафсозии мушкилоти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Бознашр аз сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров