МАҶЛИСИ ФАЪОЛОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2024

        Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нуҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар кори маҷлиси ноҳиявӣ муовини якуми Раиси вилоят Қурбонзода Суҳайлӣ иштирок дошт.

    Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон маърӯзаи муовини раиси ноҳия Ҳомидзода Фаридун шунида шуд. Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло оид ба камбудиву муаммоҳои соҳаҳо масъулони дахлдорро пурсиш намуда, ҷиҳати ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта вазифагузорӣ намуд. Аз ҷумла оид ба масъалаҳои тадбирандешии масъулон ҷиҳати барзиёд иҷро намудани нақшаи андоз, мушаххасгардонии маълумотҳо оид ба корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, вазъи корҳои таъмири роҳҳо ва хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон, фаъолияти бозорҳои ноҳия дар раванди ҳолати санитарӣ ва тозагии муҳити атроф, корҳои сохтмонӣ тибқи иҷрои нақшаи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои заминистифодабарӣ, ҳолати мелиоративии заминҳо, ҷамъоварии саривақтии пахта, кишти гандум, натиҷаҳои сифатнокии таълим дар муассисаҳои таълимӣ, либоси мактабӣ, вусъатбахшии корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар таъмини иҷрои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба равияҳои экстремистию террористӣ, дигар ҷинояткориову қонунвайронкуниҳо таҳлилҳо доир карда шуда, бари ислоҳи онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Намояндаи вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода низ зимни суханронӣ ҳисоботи пешниҳодшударо аз ҳар ҷиҳат таҳлил намуда, барои ҷамъбасти муваффақонаи соли 2024 дастуру тавсияҳо баён намуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.