ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

    Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ буда, самти фаъолияташ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона равона шудааст. Ба наздикӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирад. Ин марҳила натанҳо як ҷашн аст, балки ин ҳизб тавонист дар се даҳсола ба як сутуни муҳими сиёсии Тоҷикистон боқӣ монад. Аз рӯзи таъсисёбӣ ҲХДТ - 10 декабри соли 1994 таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи бузурги сиёсӣ дар кишвар табдил ёфт.

Роҳбари муаззами  Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зарурати ташкили ҳизбро чунин иброз дошта буданд: “Тавре дар хотир доред ҳанӯз дар давраи бисёр мураккабу сарнавиштсоз-замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири андешаҳои мухталифи ҷомеа бошад. Дар ин замина, тарҳи Ҳизби халқии Тоҷикистонро, ки баъдтар вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа онро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номидем, омода сохтем ва фикр мекунам, ки иштибоҳ накардаем”.

Бале, таъсисёбии ҲХДТ низ ба давраи хеле сангини вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакати созаистиқлол рост омад. Ҳадафи асосии он таъмини сулҳу субот ва рушди иҷтимоиву иқтисодии  Тоҷикистон буда, ба принсипҳои адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон амал менамояд.

Дар рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲХДТ саҳми ногузир дорад. Таваҷҷуҳи он ба масъалаҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ аз рӯзҳои аввал равона гардида, зина ба зина барномаҳои ҳизбӣ таҳия ва амалӣ гардида истодаад. Ин барномаҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандон, дастрасии хизматрасонии маорифу тандурустӣ ба халқ мебошад. Сохтмони муассисаҳои замонавӣ, муассисаҳои томактабӣ, беморхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои пешрафта далели гуфтаҳои болоист.

Албатта, Сарвари муаззами ҳизби мазкур тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ тараққиёти ҳамаи шохаҳои ҳокимиятро ба маҷрои муайян дароварда, сатҳи некӯаҳволии мардумро беҳтар намоянд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар қадамҳои устувор гузошта, дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад.  ҲХДТ зери шиори “Барои ваҳдати милиӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди усувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!”-садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, демократия  иброз дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи кишвар талош менамояд. 

Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҲХДТ ин дастгирии ҷавонон мебошад. Ҳизб ба ҷавонон ҳамчун нерӯи ояндасози кишвар эътимод дошта, ҳарчи бештар ба масъалаҳои ҷавонон ва ҳалли онҳо афзалияти бештар медиҳад. Дар ин замина барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ, ташаккул додани қобилияти сарварӣ равона гардидааст. Қувваи зеҳнии ҷавононро дастгирӣ намуда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, ҲХДТ дар татбиқи сиёсат барои дастгирии ҷавонон дар ҷумҳурӣ ба рушди варзиш ва солимии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, тарзи ҳаёти солимро тарғиб менамояд ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, ифтихори баланди миллӣ, хизмат ба Модар-Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи башарӣ ва ваҳдатсароӣ ба воя расанд.

Ҷавобан ба ин дастгириву пуштибониҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми ҳастии хешро барои пешрафти кишвар бахшидаанд, мо-ҷавонон пайрави ин Пешвои пешоҳангамон бошему барои рушду нумуъ ва равнақи Тоҷикистони азиз ҳамаҷониба ҷаҳду таолш намоем. Ватанамонро дӯст дорем ва нагузорем, ки истиқлолу озодӣ, ваҳдату амонӣ, сулҳу оромӣ ва пешрафти кишвар халадор гардад. Ҳамакаса бо падидаҳои номатлуб  мубориза бурда, дар решакан шудани он саҳмгузор бошем.

Ватанамонро самимона дӯст дорем ва дар устувор шудани заминаҳои таърихии тамаддуни нави давлатдории миллати сарбаланди тоҷик саҳми арзандаи худро гузорем. Мо-ҷавонон қудрати бузург дорем, онро бояд ба хотири рушду инкишофи меҳани маҳбуб масраф намоем. Бигзор, Тоҷикистони азиз ҳамеша бо Пешвои миллати худ рӯ ба ҷониби бунёдкориҳои азим намуда, миллати сарфарози тоҷик сарбаланду саодатёр бошад:

Мо-ҷавонони Ватан созандаем,

Дӯстдори давлати пояндаем!

Шукри истиқлоли кишвар, шукри сулҳ,

Шукри Ҳақ, ки бо лаби пурхандаем.

Марҳабо ОРИФӢ, сармуҳаррири рӯзномаи

                 “Раҳбари дониш”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.