ТАБРИКИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ НУСРАТУЛЛО САЛИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ 2025

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2024 дар таърихи халқу мамлакатамон соли воқеаҳои хотирмон, рӯйдодҳои таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Мардуми ноҳия дар соли сипаригардида дар роҳи татбиқи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардиданд.

Ба шарофати неъмати беназири Истиқлоли давлатӣ баҳри таъмини ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо нишондиҳандаҳои меҳнатӣ афзун гардонида шуд.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки дар соли сипаригардидаи 2024 мардуми ноҳия дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ нақшаҳои пешбинишударо сарбаландона иҷро намуданд. Таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, рушд бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, зафармандии кормандони соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорону боғдорон, дастовардҳои кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг шаҳодати он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба татбиқ шуда истодааст.

Татбиқи амалии дастуру супоришҳои оқилонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳои кориашон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баён доштанд, такконбахши ҳамаи дастоварду муваффақиятҳои мардуми ноҳия ба ҳисоб меравад. Зеро бо қадамҳои файзбори Сарвари давлат ба ноҳия чандин корхонаҳои саноатӣ, маишиву иҷтимоӣ, кишоварзӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва майдону гулгаштҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки барои зиндагонии арзандаи сокинони ноҳия мусоидати бевосита менамояд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кору фаъолият қарор дода, итминони комил дорам, ки дар Соли нав низ сокинони ноҳия чун тамоми мардуми шарифи кишвар дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаъолияти пурмаҳсул зоҳир менамоянд.

Бигзор соли нави 2025 соли идомаи таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ баҳри ободонии сарзамини муқаддасамон бошад!

Соли наватон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.