НОМИ ҶАНГОВАР АБАДӢ ГАРДИД

- Инсон бояд дар масири ҳаёт бо рафтор, гуфтор, пиндори хеш комилсифат бошад, бо меҳнати ҳалол ва номи нек дар дилу дидаи мардум ҷойгузин гардида, соҳибэҳтиромиро соҳиб бошад. Яке аз чунин инсонҳои комил, ки саодати ҳаёти худро дар хизмати халқу Ватан ва ободии диёр медонист, имрӯз ёди ӯро бо ифтихормандиву накӯӣ вирди забон меорем, Шавруқов Абдулҳамид Юлдошевич мебошад, - зикр дошт, Ҳасанҷон Каримов, раиси Шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи собиқадорони ҷанги Афғонистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зимни суханронӣ дар ҳавлии шодравон ҷанговар - интернатсионалист, маросими гузоштани лавҳаи ёдгорӣ дар деҳаи Оҳучашмаи ҷамоати Исмоил.

 

Ҳамзамон таъкид гардид, ки шодравон Абдулҳамид Шавруқов 5 - уми марти соли 1960 дар деҳаи Уяс ҳозира Оҳучашма, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби №3 – и деҳа соли 1977 ба совхоз – техникуми ноҳияи Мастчоҳ дохил шуда, соли 1982 бо ихтисоси аграноми соҳаи пилла таълимгоҳи мазкурро хатм намудааст. Солҳои 1978 – 1980 ба сафи Армияи Иттифоқи Шӯравӣ пайваста, аввал дар Ҷумҳурии Чехословакия, баъдан барои иҷрои қарзи интернатсионалистии худ ба Ҷумҳурии Афғонистон сафарбар гардида, дар муҳорибаҳои шадиди ҷангӣ, ба ҳайси лейтинанти хурд дар қисми пиёдагард иштироки фаъол доштааст. Хизматҳои шоиста, диловариҳои ӯро ба назар гирифта, ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои мардонагӣ ва шуҷоат дар иҷрои қарзи интернатсионалистӣ дар марзи Афғонистон бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, нишони сарисинагии «Ҷанговар – интернатсионалист», медали «Аз халқи миннатдори Афғонистон», ордени Шарафи – Афғонӣ, медалҳои «Иштирокчии амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон» ва даҳҳо медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст.

Абдулҳамид Шавруқов баъди адои хизмат дар сафи артиш соли 1982 ба савхози «Қизил - юлдуз» ҳозира «Турсунбой Қӯшатов» ба сифати сардори бригадаи кирмакпарварии совхоз ба фаъолияти меҳнатӣ падохта, то соли 2008 дар ин вазифа кор карда, дар идома дар корҳои боғдорӣ саҳми худро гузошта, то лаҳзаҳои вопасин аз таҳти дил меҳнати фидокорона намудааст.  

Дар идомаи ҷамъомади хотиравӣ муовини Раиси консули Федератсияи Россия дар вилояти Суғд Массан Роман Павлович, раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалист дар вилояти Суғд Комилҷон Содиқов, сардори зершуъбаи 4-уми Комиссарияти ҳарбӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майор, Нусратулло Шукруллозода, намояндаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд Каримшейх Раҳимшейхов, раисони Шӯрои собиқадорони ҷанги Афғонистон дар шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Роҳила Раҳмонбердиева иштирок ва аз хислатҳои ҳамида ва садоқати баланди ватандории марҳум - Абдуҳамид Шавруқов хотираҳои нек баён доштанд. Раиси ҷамоати деҳоти Исмоил Муҳиддин Муҳиддинов баргузории чорабинӣ баҳри гиромидошту абадӣ гардонидани хотираи неки сокини барӯманди деҳаи Исмоил, Шовруқов Абдулҳамид Юлдошевич, ки бо доираи васеи меҳмону пайвандон, ҳамдеҳагон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ сурат гирифт, дар бедор намудани ҳисси ватадӯстиву меҳанпарастии насли наврасу ҷавон, пос доштани қадру манзалати инсонҳои содиқи диёр муҳиму муассир баён дошт.

Шаҳноза Қодирова, хабарнигори рӯзномаи «Хуҷанд» 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.