ҚИРҒИЗИСТОН ДУРӮҒГӮИРО ДАВОМ МЕДИҲАД. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва баёни далелҳои қалбакӣ хонд

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва баёни далелҳои қалбакӣ хонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». «Чунин изҳорот дар асоси сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ, инчунин ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар нигаронида шудааст. Масъулияти оқибатҳои чунин изҳороти бардурӯғ, ки ба виҷдони муаллифони онҳо вобаста аст, дар ин лаҳзаҳо метавонад вазъиятро барои халқҳои мо душвор гардонад», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ вобаста ба мусоҳибаи котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов.

 Дар робита ба ин Вазорати корҳои хориҷии кишвар бори дигар мавқеи Тоҷикистонро дар мавриди қобили қабул набудани тезутундшавии вазъ дар фазои расонаӣ тасдиқ кард.

Бояд гуфт, ки 19 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳои амнияти давлатии ду кишвар ба имзо расидани протокол дар бораи танзими вазъ дар марз истиқбол гардида, ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки риояи катъии он имкон медиҳад то раванди музокирот аз рӯйи тамоми маҷмӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба таҷдид карда шавад.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.