Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров токзори нав бунёд мешавад
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти бунёди токи ҳавозавӣ шинос гардида, бо деҳқонон суҳбат намуд.
Зимни суҳбат таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад ва саҳми кишоварзон, аз ҷумла боғу токпарварон дар таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас аст.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 ҳазору 300 гектар боғу токзор мавҷуд мебошад, ки аз он 3 ҳазор гектарашро ангурзор ташкил медиҳад. Соли 2024 хоҷагидорони ноҳия тавонистанд зиёда аз 13 ҳазор тонна ангур истеҳсол намуда, маҳсулотро пешниҳоди сокинон намоянд.
Тазаккур дода шуд, ки таҷдид ва бунёди токи ҳавозавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз зумраи иқдомҳои шоиста буда, дар ин раванд дар минтақаи Сомғор бунёду барқарорсозии 40 гектар токзор ба нақша гирфта шудааст.
Соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Расулзода низ тасмим гирифтааст, ки дар ин минтақа дар масоҳати 8,5 гектар токзори ҳавозавӣ бунёд созад. Зеро тибқи маълумоти мутахассисони соҳа бо усули ҳавозавӣ бунёд намудани токзор имкон медиҳад, ки ҳосилнокӣ бамаротиб бештар гардад.
Раиси вилоят бунёди боғу токзори навро ба манифати кор арзёбӣ карда, барои боз ҳам зиёд намудани боғу токзор ва истеҳсоли маҳсулот тавсияҳо дод
.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд