НАВОЗАНДАГОНИ ХУРДИ ВАТАН Муборакбодии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Ҳамватанони гиромӣ, кӯдакону наврасони азиз!
Дар ин рӯзи фараҳбахш, ки нахустин рӯзи гарми фасли тобистон аст, диёри мо, Тоҷикистони азиз, ҳамқадами ҷаҳониён, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол менамояд. Ин сана на танҳо як ҷашн, балки таҷдиди аҳдест барои гиромидошти арзиши бемисли кӯдакӣ ва таъмини ояндаи дурахшони насли нав.
Воқеан, кӯдакон чи гунаанд? Онон ояндаи беғубори ҳар миллат, ганҷи ноёб дар хазинаи умри ҳар оила, бахту саодати беканори падару модар, ҷомеа ва давлатанд. Ҳар як тифли навзод, чун шукуфаи навруста, ба ҳаёти мо рангу бӯи тоза мебахшад ва бо қадамҳои кӯчакаш оғози саҳифаи наве дар китоби ҳастӣ мегардад. Дар ин сарзамини биҳиштосо, таҳти сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи ҳифзи кӯдакон ва тарбияи насли солим аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи давлат ба шумор меравад. Ҳукумати кишвар бо дарки амиқи масъулият, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, истироҳат ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Чунонки Пешвои муаззами миллат фармудаанд: «Ғамхорӣ ба кӯдакон ин ғамхорӣ ба ояндаи Ватанамон мебошад». Ин гуфтаҳо на танҳо як шиор, балки роҳнамои амалии сиёсати давлат дар ин самти муҳим аст.
Бо назардошти аҳамияти ин масъала, Ҳукумати Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро бо камоли масъулият эътироф намуда, дар ин замина қонунгузории миллиро ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтааст. Ин иқдомҳо гувоҳи он аст, ки давлати мо ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар сояи ин дастгириву ғамхориҳои беандоза, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ саъю талош менамояд, то ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон таъмин гардида, онҳо дар муҳити арзанда ба воя расанд, аз таълиму тарбияи босифат баҳравар гарданд ва вақти худро бо шодиву нишот гузаронанд.
Бо мақсади рӯшаннамоӣ ва босавод гардонидани насли ояндасоз ва фароҳам овардани фазои мусоид барои тарбияи томактабии кӯдакон, сохтмон ва навсозии боғчаҳои бачагона ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи масъулини мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар деҳоти Д.Холматов ва Мусаффои ҷамоати деҳоти Унҷӣ ва дар соли равон дар деҳоти Овчиқалъача ва Исмоил кӯдакистонҳои замонавӣ бо тамоми шароити зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин раванди бунёдкорӣ дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз беш аз 147973 нафар ноболиғон умр ба сар мебаранд, ки аз ин миён 42 нафар ятими кулл, беш аз 2356 нафар ятими ним ва 1223 нафар кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд мебошанд. Ин гурӯҳи ҷомеа ҳамеша таҳти назорату ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, бахусус кӯдакони ниёзманд ва маъюбро дар меҳвари диққат қарор дода, дар оянда низ барои беҳбудии зиндагии онҳо тадбирҳои иловагӣ меандешад.
Дар ин рӯзи пурнишот ба тамоми кӯдакону наврасони сарбаланди ноҳия Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро самимона табрик мегӯям ва барояшон осмони софу беғубор, офтоби дурахшон, лабҳои пурханда, чеҳраҳои шукуфон, бахти бедор ва рӯзгори пур аз неъматро таманно дорам!
Бовар дорам, насли ояндасози миллат, бо қадамҳои устувор ба сӯи қуллаҳои баланди илму маърифат расида, қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро дониста, дар оянда барои шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ид муборак, ғунчаҳои фардои дурахшони миллат!