МИҲД ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Санаи 19 феврали соли 2019 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шурои маҳаллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шӯро – муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Малоҳат Бобозода ифтитоҳ намуда, бо рӯзномаи масъалаҳои баррасишавандаи Шӯро шинос намуд.

Муфассал...

Мутобиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва супориши Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ,Раиси ноҳияи мазкур Зариф Назирӣ вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов ва Парвиз Ҷабборзода мулоқотҳои худро бо коллективи меҳнатии баъзе ташкилоту муассисаҳо дар мавзӯи "Роҳу усулҳои пешгирии ҷомеа аз афкору ақидаҳои ифротӣ ва мубориза бо экстремизму тероризи" идома дода истодаанд.Дирӯз як мулоқоти судманд бо сохтмонсиёни ноҳия дар нуктаҳои гуногуни кории онҳо баргузор шуд.


Мувофиқи нақша чораби

ниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамоату шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёна, коллеҷҳо, деҳа ва маҳаллаҳои ноҳия мулоқоту вохӯриҳо бо тамоми табақаҳои гуногуни ҷомеа доир мавзуҳои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", мӯҳтавои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ ба монанди ВНМО/БПНМ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Муфассал...

Баҳри қавигардонии ваҳдати минбаъдаи халқу миллат, бо сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳиссагузорӣ намудан ба рушди минбаъдаи мамлакат ва ба ин васила оммавӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии рушди Ватани азизамон дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовинони раисони ҷамоатҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, Шуроҳои “Муросо” ва занони фаъоли маҳаллаҳо, ходимони дин ва бибиотунҳо санаи 15.02.2019  мулоқоти васеъ баргузор гардид.

Муфассал...

Субҳи имрӯз  санаи 16 феврал  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси ноҳия Зариф Назирӣ  рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он 47 нафар шаҳрвандон бо муаммоҳои гуногуни худ ба Раиси ноҳия  муроҷиат намуданд.

Муфассал...

Мақолаҳои боқимонда...

Саҳифаи 74 аз 81

<< Ибтидо < Пешина 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 Минбаъда > Интиҳо >>

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1088
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта914
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6124
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10431
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35643
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27752
mod_vvisit_counterҲамагӣ352338