МИҲД ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санаи 16-17 феврали соли 2019 мусобика оид ба намуди теквандо ВТФ бахшида рузи таъсисёбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Тоҷикистон ва Солхои рушди дехот, сайехй ва хунархои мардумй баргузор гардид, ки дар он зиеда аз 100 нафар наврасону ҷавонони шахру нохияхои Ашт, Шахристон, Хучанд, Шахраки Гафуров, Хистеварз 1, Хистеварз 2, иштирок доштанд.

Муфассал...

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 дар синфи 1 "д" аз тарафи омӯзгор Каҳҳорова Г бо хонандагон озмуни "Донояк" ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 8 нафар довталаб иштирок карда, аз рӯи 6 шарт баромад карданд.Дар озмун маъмурияти муассиса, омузгорон, падару модарон иштирок доштанд.Дар озмуни "Донояк" шохчоиза насиби Исобоев Юсуфҷон, ҷойи якум насиби Шодиева Меҳрангез гардид.Дар охир ҳамаи иштирокчиёни озмун бо диплому сипосномаи маъмурияти муассиса сарфароз гардонда шуданд.

Санаи 19 феврали соли 2019 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шурои маҳаллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шӯро – муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Малоҳат Бобозода ифтитоҳ намуда, бо рӯзномаи масъалаҳои баррасишавандаи Шӯро шинос намуд.

Муфассал...

Мутобиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва супориши Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ,Раиси ноҳияи мазкур Зариф Назирӣ вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов ва Парвиз Ҷабборзода мулоқотҳои худро бо коллективи меҳнатии баъзе ташкилоту муассисаҳо дар мавзӯи "Роҳу усулҳои пешгирии ҷомеа аз афкору ақидаҳои ифротӣ ва мубориза бо экстремизму тероризи" идома дода истодаанд.Дирӯз як мулоқоти судманд бо сохтмонсиёни ноҳия дар нуктаҳои гуногуни кории онҳо баргузор шуд.


Мувофиқи нақша чораби

ниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамоату шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёна, коллеҷҳо, деҳа ва маҳаллаҳои ноҳия мулоқоту вохӯриҳо бо тамоми табақаҳои гуногуни ҷомеа доир мавзуҳои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", мӯҳтавои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ ба монанди ВНМО/БПНМ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Муфассал...

Мақолаҳои боқимонда...

Саҳифаи 89 аз 96

<< Ибтидо < Пешина 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 Минбаъда > Интиҳо >>

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1052
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1360
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1052
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5410
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22447
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта30740
mod_vvisit_counterҲамагӣ459504