Пешвои миллат – ғамхору дилсӯзи халқ
Аз он рӯзе, ки Пешвои муаззами миллат ба саҳнаи сиёсат омаданд, аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буданд, «Ман ба Шумоён сулҳ меорам».Ин ваъдаи содиқи Пешвои моён буд, ки иҷрои вафояшро мардуми бузурги тоҷик тӯли давраи Истиқлолият барало мушоҳида мекунанд. Дар кадом вазъияте набошад, мардуми сарбаландӣ тоҷик эҳсос менамоем, ки дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат ғамхору дилсӯзи миллати хеш ҳастанд.
Чанде пеш бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кӯмакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардид.
Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хурока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.
Кумаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта, нишондиҳандаи ғамхории навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз ин иқдоми неки Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо мардуми вилояти Суғд рӯҳбаланд гардида, миннатдории самимонаи хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем. Ва чун ҳарвақта дар атрофи Пешвои муаззами миллат ҷамъ омада, миллату давлати азизамонро аз ҳама навъи душман ҳифз менамоем.
Мо ҷавонони сарбаланду некноми миллат, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд!
Алишер Раҳматов, директори МТМУ №31 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров