Ҳисобот доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2020

Вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Иҷрои буҷет:

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2020 101,1 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 231699,0 ҳазор сомонӣ, воридот 234248,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2549,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.    

Буҷети маҳаллӣ дар ин давра 90,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 169912,6 ҳазор сомонӣ, дар асл 153905,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 16006,7 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Дар ин давра 6 намуди андоз яъне, андоз аз фоида, низомҳои махсуси андозбандӣ, боҷи давлатӣ, андоз аз воситаҳои нақлиёт, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва андози иҷтимоӣ иҷро нагардид, ки дар натиҷа ба буҷет 51709,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 89,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 175189,0 ҳазор сомонӣ 156308,5 ҳазор сомонӣ хароҷот гардидааст, ки ин аз нақша 18880,5 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Нақшаи хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ 83,6 фоиз иҷро гардида, ба хазинаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ 67,0 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: 

Дар давраи ҳисоботӣ субъектҳои бо шакли шахсони ҳуқуқӣ фаъолияткунанда 1174 адад ва 13163 нафар шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуданд.

Ҷиҳати дастгирии соҳибкорон ва дастрасии онҳо ба қарзҳои бонкӣ аз ҷониби филиалҳои бонк ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба 5594 нафар соҳибкорон ба маблағи наздик 80,8 млн. сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудааст, ки аз шумораи умумии қарзгирандагон наздик 3000 нафар занҳо ва 650 нафар ҷавонон мебошанд, ки шумораи ҷавонони қарзгирифта нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 72 нафар зиёд мебошад.

Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ:

ҳоло дар ноҳия 3 лоиҳаҳо; 

1.Лоиҳаи "Барномаи озуқаи Ҷаҳонӣ" бо маблағгузории ЮНИСЕФ

2.Фазаи 2-юми лоиҳаи миллии "Идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо намояндагии Ассотсиатсияи "Хелвитас Свисс Интеркооперейшен". Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Конфедератсияи Шветсария маблағгузорӣ карда мешавад.

3.Лоиҳаи "Паст намудани хавфи офатҳои табиӣ тавассути идоракунии ҳамбастаи захираҳои табиӣ дар ҳавзаҳои байнисарҳадии дарёҳои Оқсу ва ҳоҷабақирғон" бо ташкилоти АКТЕД мебошад.   

Кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо

Бо мақсади оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли равон тибқи дурнамо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ гузаронидани кишти зироатҳо дар майдони 25872 гектар, ки аз он 22572 гектар дар заминҳои обӣ мебошад, гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 241 гектар зиёд мебошад. Аз он ҷумла майдони кишти ғалладонагиҳо 9058 гектар, зироатҳои техники 8826 гектар аз он кишти пахта 8400 гектар, сабзавот 2424 гектар, картошка 294 гектар, полизӣ 549 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 4719 гектар мебошад. Инчунин бо мақсади гирифтани се-чор ҳосил ва ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ дар хоҷагиҳои ноҳия кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 3250 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 190 гектар зиёд мебошад. Дар минтақаи Рухаки ҷамоати Ғозиён барои дар 74 гектар боғу токҳои соли ҷорӣ бунёдгадида ҷорӣ намудани усули обёрии қатрагӣ корҳо рафта истодааст. Ғайр аз ин соли ҷорӣ дар минтақаи Сомғори ҷамоати деҳоти Исмоил дар майдони 50,0 гектар боғот бунёд кардашуда, дар майдони 30 гектари он усули қатрагӣ ба роҳ монда шуд ва айни ҳол нашъунамои он хуб мебошад. 

Саноат ва энергетика

Дар ёздаҳ моҳи соли 2020 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 2158,9 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 932,4 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 176,0 фоизро ташкил дод. 

Маблағи барқи ҳисобшуда аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳия ба санаи 01.12.2020 сол бо назардошти идораи хоҷагии оби ноҳия 112530,6 ҳазор сомониро ташкил дода, пардохти он 93703,1 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ки он 83,3 фоизро ташкил медиҳад.

Ба санаи 01.12.2020 сол қарзи истифодабарандагон аз қувваи барқ 64562,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи сохтмончиён ба маблағи 103,2 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуда, ба маблағи 129,9 млн. сомонӣ сармояи асосӣ иҷро карда шуданд. Инчунин ба маблағи 113,9 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, ба миқдори 32848 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардидааст. 

Боиси ифтихор аст, ки санаи 23.03.2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ғозиён муассисаи таълимии томактабии хусусии "Насли ориоӣ", 2 иншооти соҳаи хизматрасонии "Азизи Дил" ва "Мақсудҷон", фабрикаи паррандапарварии "Дӯсти Азиз", мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин дар маркази ҷамоати деҳоти Ғозиён майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуданд. 

Санаи 30 июни соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Хистеварз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншоотҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, аз ҷумла Маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат", Беморхонаи сироятӣ, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази хизматрасонии "Гулистон" мавриди истифода қарор дода шуданд.

Нақлиёт 

Айни ҳол дар ноҳия 20 ширкатҳои нақлиётӣ аз ҷумла, 13 адад мусофиркашонӣ ва 7 адад боркашонӣ фаъолият менамояд. 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаҳои нақлиётии ноҳия 3886,4 ҳазор тонна борҳои гуногун кашонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,5 фоизро ташкил медиҳад.

ҳаҷми умумии кашонидани мусофирон наздик 15,1 млн. нафар ва нисбат ба ёздаҳ моҳи соли гузашта 3,5 млн. нафар кам мебошад.

Маориф

Муассисаҳои томактабӣ

Дар қаламрави ноҳия 37 муассисаҳои таълимии томактабии шакли моликияташон гуногун, бо теъдоди 6254 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

ҳоло дар қаламрави ноҳия 90 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 82 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 гимназияҳои хусусии "Нур" ва "Сафина", мактабҳои хусусии "Амид" ва "Дурахшандагон", 2 гимназияҳои давлатӣ, 1 мактаб-кӯдакистон, 1 мактаб-парваришгоҳи махсус барои кӯдакони шунавоиашон суст фаъолият доранд. Шумораи умумии хонандагон 75265 нафар буда, аз он 37074 нафар духтарон мебошанд.  

Муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин мебошанд. ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия 4912 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 3952 нафар занҳо бо кори таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, аз шумораи умумии омӯзгорон 4527 нафар дорои маълумоти олӣ, 144 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 241 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Фарҳанг

Дар ноҳия 31 китобхона, 14 клуб, 1 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 боғи фарҳангу фароғатӣ, 5 гулгашт, 1 мактаби мусиқӣ, 2 ансанбли рақсӣ, 4 қаср ва хонаи фарҳанг амал менамояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сул-ҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ҷиҳати ташкил намудани китобхонаҳо дар назди ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон чораҳои мушаххас андешид.

Дар ин давра дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати молия, беморхонаи марказӣ, шӯъбаи КАТС, маориф, фурудгоҳи байналмилалии "Хуҷанд", коллеҷи тиббӣ, осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҷамоатҳои ҳайдар Усмонов ва Ғозиён китобхонаҳо ташкил карда шуданд. Миқдори китобҳои бадеию илмӣ зиёда аз 14,0 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар ҷамоати деҳоти ҳайдар Усмонов айни ҳол китобхонаи электронӣ амал менамояд.  

Тандурустӣ

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хизматрасонии тиббӣ тариқи сохтори госпиталии ноҳия тавассути 12 беморхона дорои 1210 кат, аз ин аз ҷумла, 1 Беморхонаи марказии ноҳия дорои 480 кати табобатӣ, 7 беморхонаи ноҳиявӣ, 3 беморхонаҳои минтақавии деҳотӣ, 1 маркази бемориҳои руҳӣ ҳамагӣ бо 606 кат ва дар сохтори шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бошад, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 31 маркази саломатии деҳотӣ, 50 бунгоҳҳои саломатӣ, 6 марказҳои махсусгардонидашуда, 1 стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ (13 нуқтаи ёрии таъҷилӣ), 1 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 1 маркази безараргардонӣ ва 11 муассисаҳои тиббии хусусӣ ба роҳ монда шудааст. 

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 3331 нафар кормандон фаъолият доранд, аз он ҷумла табибон 478 нафар ва мутахассисон бо маълумоти миёнаи тиббӣ 1982 нафар ва дигар кормандон 871 нафарро ташкил медиҳанд. Дар ноҳия 115 нафар норасоии табибон ба назар мерасад. Аз ҷумла, табибони тибби оилавӣ 73 нафар, табиби нарколог 1 нафар, ҷарроҳи асаб 1 нафар, табиби физиотерапевт 1 нафар, табиби сироятшинос 2 нафар, табиби осебшинос 3 нафар, табиби бемориҳои дарунӣ 3 нафар, табиби бемориҳои чашм 2 нафар, равонпизишк 6 нафар, рентгенолог 2 нафар, табиби ултрасадо 2 нафар, табиби кӯдакона 8 нафар,  мебошанд.

Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии онҳо дар ноҳия 127500 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 63500 нафар духтарон ва 64000 нафар писарон мебошанд.   

Айни ҳол 10 нафар хонандагон гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40 нафар гирандагони стипендияи Раиси ноҳия мебошанд. 

Дар ноҳия 246 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон бақайд гирифта шудааст, ки аз ин 5 варзишгоҳ, 171 майдончаи варзишӣ, 63 толорҳои варзишӣ, 2 ҳавзҳои шиноварӣ ва 5 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.

Айни ҳол дар ноҳия ширкати сайёҳии ҶДММ "Помир-тур"  фаъолият намуда истодааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба ноҳия 11396 нафар сайёҳон ташриф оварданд. Аз шумораи умумии сайёҳони ба ноҳия воридшуда 88 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар ин давра ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 3210 нафар муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 1521 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Бо мақсади бо кор таъмин намудани бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта дар давраи ҳисоботӣ 15 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузоронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 155 нафар шаҳрвандон бо кор таъмин шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ наздик 1000 нафар ҷавондухтарону занони бекор ба омӯзиши ҳунар-ҳои мардумӣ аз қабили адрасбофӣ, қолинбофӣ, гулдӯзию сӯзанидӯзӣ, бофандагию дӯзандагӣ ва қуроқдӯзӣ ҷалб гардида, дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият намуда истодаанд.   

Мувофиқи натиҷаи пурсиши дар ба дар, ки дар як сол ду маротиба гузаронида мешавад (июн-декабр) аз ноҳия 14600 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аз ин шумора 11410 нафар мард ва 3190 нафар занон мебошанд.

Бозгашти муҳоҷирон дар ин давра 3067 нафар буда, аз ин 2171 нафар мард ва 896 нафар зан мебошад. 

Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Дар ноҳия комиссияи доимии ноҳиявӣ, 12 комиссияҳои доимии ҷамоатҳо ва 142 комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамояд.

Дар ин давра 48 маротиба санҷишҳо ташкил карда, зиёда аз 130 тӯю маъракаҳо мавриди назорат қарор дода шуд. Чунин санҷишҳо аз ҷониби комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия низ мунтазам гузаронида шуда истодаанд. 

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 2182 маъракаҳо баргузор шудаанд. Аз ҷумла, 1605 тӯйи арӯсию домодӣ ва 577 маросими азодорӣ мебошад. Дар натиҷаи корбарӣ дар давраи ҳисоботӣ дар рафти баргузории тӯю маъракаҳо 8 қонуншиканӣ ошкор карда, дар натиҷа чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 "Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни бузург 1282 нақшаи чорабинӣ таҳия гардида, дар солҳои 2018-2019 ва ёздаҳ моҳи соли 2020  1020 банди онҳо амалӣ гардиданд, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 221,8 млн. сомонӣ маблағҳо равона гардида, дар натиҷа ҳамасола 8,0 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ ташкил карда шуданд.

Вобаста ба ин дар ноҳия 1 уассисаҳои таълимӣ, 4 адад кӯдакистон, 1 Қасри фарҳанг, 2  беморхона, 7 бунгоҳи тиббӣ, 6 нуқтаи таваллуд, 21 сартарошхона, 2 ҳаммом, 14 кошонаи ҳусн ва боз якчанд иншоотҳои гуногун сохта ба истифода дода шуданд. 

Барои ташкили марказҳои савдо, хизматрасонӣ ва дигар амалҳои ободонию созандагӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо 70,1 млн. сомонӣ равона карда шуданд.      

Кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони раиси ноҳия 4502 мактуб ва 4196 аризаҳои хаттии шаҳрвандон бобати масъалаҳои гуногун ворид гардидааст. ҳамзамон дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба раиси ноҳия 557 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки муроҷиати онҳо аз ҷониби шахсони масъул мавриди баррасӣ ва корбарӣ қарор дода шуданд.

Тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ

Мувофиқи нишондоди таҳлилҳо дар ёздаҳ моҳи соли 2020 дар қаламрави ноҳия 519 ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин миқдор нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, ки 547 ададро ташкил медод, 28 адад кам буда, аз шумораи ҷиноятҳои содиршуда 92,23 фоиз ошкор карда шудааст.  

ҳолатҳои содиршавии ҷиноятҳо аз ҷумла, аз ҷониби ноболиғон 19 адад, ҷиноятҳои соҳаи кофтукови ҷиноӣ 42 адад, ҷиноятҳои вазнин 19 адад, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 1 адад, қаллобӣ 46 адад, дуздӣ 11 адад, дар ҳолати ноаён содиршуда 102 адад, бо роҳи оперативӣ 104 адад, содиршавии ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 4 адад тамоюли камшавӣ дорад.

Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 содиршавии ҷиноятҳо аз ҷумла, одамкушӣ 2 адад, роҳзанӣ 1 адад, ғоратгарӣ 1 адад, авбошӣ 8 адад ва ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 3 адад зиёд гардидааст.

Минбаъд низ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву ободонӣ, пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дар маҷмӯъ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ менамояд.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сойча

Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилал дар деҳаи Сойча, маҳаллаи Чилламазори ҷамоати деҳоти Ёва бо дастгирии Ҷӯрабоев Муҳаммадҷон - мураббии каратэ - до, дорандаи камарбанди сиёҳ - 1, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдончаи варзишӣ сохта ва ба истифода дода шуд.

Дар маросими кушодашавии он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ ва Маҳмудзода Музаффар, муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров Анварзода Амирҷон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Дилшод Давронзода ва раиси ҷамоати деҳоти Ёва Икромҷон Раҳматов иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ аз оммавигардонии варзиш, тарзи ташаккули ҳаёти солим, аз муҳиммияти варзиш, варзиш гарави саломатӣ, таҳкими дӯстӣ ва муаррифии варзишгарони болаёқат, Ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш таъкид гардида, ба дастгирии ташаббускорон ҷиҳати сохта ба истифода додани чунин майдончаҳои варзишӣ, изҳори сипосмандӣ гардид.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 27 январи соли 2022 тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 28 январи соли 2022, соати 01.00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомотҳои салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд.

Айни замон вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.
https://khovar.tj/2022/01/markazi-matbuoti-ush-n-oi-sar-adii-kdam-um-urii-to-ikiston-habar-medi-ad/

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.