САДОҚАТ ВА ҶАСОРАТИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ИБРАТПАЗИР БАРОИ ҶАВОНОН

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон силсилаи рӯйдодҳои муҳиму хотирмоне сабт шудааст, ки дар тақдири мардуми тоҷик таҳаввулоти тоза асос гузошта, ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои сокинон заминаи мусоид фароҳам овардааст. Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи воқеаҳои таърихӣ ва наҷотбахши таърихи навини тоҷикон унвон мешавад, ки марҳилаи нави давлатсозиро оғоз бахшида, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид.

 

Сиёсати дурнигарона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалї Рањмон, ки аз минбари иљлосияи Шонздањуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон то ба имрўзу фардоњо пайванд мебахшад, худогоњии миллї ва маънавии љомеаро ба њукми пойдевори мустањками истиќлоли давлатї эътироф намуда, дар заминаи он барномањои муњими давлатӣ аз сар гирифта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ - сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд.

Даҳсолаи охирини асри бистум барои халқи тоҷик марҳилаи дастовард ва ҳам мушкилоту имтиҳони сахт буд. Аз як тараф, агар ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик музаффарияти нодир маҳсуб меёфт, аз ҷониби дигар, дар натиҷаи нотавонбиниҳои нерӯҳои мухолиф ва ҳизбу ҳаракатҳои оштинопазир кишвари тозаистиқлоли тоҷикон ба гирдоби бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тела дода шуд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар ин айёми ҳассос – замоне, ки Тоҷикистон нав қадамҳои нахустини худро мустақилона мегузошт ва халқ ҳоло шаҳди озодӣ ва мустақилиро дуруст начашида буд, Ватани азизи моро ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ кашида, боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ намуд.

Ин марҳилаи душвори Тоҷикистон ва маҷрои пурпечутоби рӯзгори мардумро Роҳбари олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба киштии шикастае ташбеҳ додаанд, ки он рӯзҳо на раҳнамо ва на самти муайяни ҳаракат дошт, мусофирону сарнишинони ин киштӣ дар талвосаи ҷон ва халосӣ аз ин вартаи маргу нобудӣ даступо мезаданд.

Дар чунин шароити душвор ва аз ҷониби дигар қисматсоз, вазифаи роҳбари давлат ба зиммаи нафаре бояд вогузор мешуд, ки масъулиятро қабул ва эҳсос карда тавонад. Зеро дар он давраи мураккаб аз роҳбарон аз ҳарвакта дида бештар ҷасорат, хирад, сабру таҳаммул ва фидокорӣ талаб мешуд.

Таърих гувоҳ аст, ки он айём аз тарси ҷон ҳеҷ касе дар фикри вазифа ва мансаб набуд. Маҳз дар чунин шароит ҳамчун Ҳадяи илоҳӣ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси созанда ва ҷасорату нерӯи шикастнопазир ба майдони сиёсат ворид гардид.

Ба эътидол овардани вазъи ноором, баргардонидани гурезагон, оташбас, авфи умумӣ, ваъдаҳои тақдирсоз ва қадамҳои устувор ҷиҳати татбиқи он, таҳкими боварии халқ ба фардои дурахшони миллат, силсилаи иқдоми созанда ба хотири рафъи харобиҳои ҷанг – ин ҳама аз ибтикороти муҳиму судманди Сарвари ҷавони давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба сулҳи комили тоҷикон замина сохтанд.

Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар мавриди садоқат ва ҷасорати Пешвои муаззами миллат муассир таъкид намудааст:

  • Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷони худро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар ин солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхорро надоштем.

Муҳаббат, самимият, эҳтироми халқи тоҷик ва ҳатто берун аз он, дар шумули сиёсатмадорони соҳибнуфузи сатҳи ҷаҳонӣ, ки нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир мешавад, маҳз натиҷаи ҳамин ҷонбозиҳо, такопӯиҳо ва аз худ гузаштанҳост, ки сулҳи тоҷикон аз он ибтидо мегирад.

Яке аз аҳамияти муҳим ва нақши мондагори Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон барои халқи тоҷик дар он маҳсуб меёбад, ки  ин рӯйдоди таърихӣ ба майдони давлатдорӣ як қатор ходимон ва сиёсатмадоронеро овард, ки ҷонибдори ғояҳои наву созанда буданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ҳамин сиёсатмадорони бонуфуз ва соҳибэътибори сатҳи байналмилал буданд, ки бо вурудашон ба арсаи сиёсат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон офтоби нусрат ва пирӯзиҳои тоза тулуъ намуд.

Ҳаракат дар масири демократия ва бунёди ҷомеаи адолатпарвари дунявӣ, ки Конститутсия онро кафолат медиҳад, аз ташаббусҳои мондагори Пешвои муаззами миллат маҳсуб меёбад, ки самараи он татбиқи ваъдаи таърихист: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам”.

Ин суханон баёнгари он буданд, ки Пешвои миллат аз донишу тафаккури муосири давлатсозиву озодандешӣ бархурдоранд ва ояндаи кишварро дар бунёди ҷомеаи демократии воқеӣ дидан мехоҳанд. Дар воқеъ, дар солҳои минбаъда ин нияти инсондӯстонаву сулҳпарваронаи Сарвари давлат дар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ранги қонунӣ гирифта, кишвари моро ба арсаи ҷомеаи демократӣ ва дунявии ҷаҳон боло бурд ва ҳамсон сохт.

Иҷлосияи XVI ҳамчунин Нишону Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин муқаддасоти давлатиро дар натиҷаи баҳсу баррасиҳо муайян ва интихоб намуд. Аз нуктаҳои дигари муҳим ва тақдирсоз ин созмон додани Артиши миллӣ ба шумор меравад. Ҳамин тавр, нишонаҳои давлати тому воқеӣ дақиқ аниқ карда шуда, зимнан сохтору нишонаҳои як давлати конститутсионӣ барқарор карда шуд. Яъне, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат тавонистанд давлати Тоҷикистонро дар асоси принсипҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. 

Иҷлосияи XVI дар мавриди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қарор ба тасвиб расонида шарикҳои стратегии кишвар ва барпо кардани ҳусни ҳамҷаворӣ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ва ғайраро дақиқ муайян сохт.

Яке аз аҳамияти бузурги ин Иҷлосия, аз он иборат буд, ки дар кишвар сохти Ҳукумати конститутсионӣ барқарор гардид ва шахси арзандае чун Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлат интихоб шуд, ки рушду такомул, сулҳу ваҳдат ва пешрафти фарҳангии минбаъди кишвар бо номи ин абармард пайванди ногусастанӣ мегирад.

Иҷлосияи XVI имкон фароҳам овард, ки дар Тоҷикистон ҳукумати воқеӣ ва адолат барқарор гардад ва пояҳои Истиқлоли кишвар побарҷо нигоҳ дошта шуда, ба марҳалаи нав бардошта шавад.

Дар ҳақиқат ҳам, таъмини оромӣ ва ба дӯш гирифтани чунин як масъулияти гарон дар он айём қаҳрамонӣ буд. Чун қадамҳои аввал ниҳоят душвор, илова бар ин, хазинаи давлат умуман холӣ буд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҳолат, ҳатто дар рўзҳои вазнинтарини ҷанги шаҳрвандӣ ба ояндаи дурахшони миллат умед доштанд ва ин андеша ва хушбовариро барои ҳар як сокини мамлакат талқин мекарданд.

Воқеан, Асосгузори сулњу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми азияткашидаи тоҷик дар ин давраи ҳассос ва ҷараёни Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайки наҷот ва муждаи раҳоӣ аз нобудӣ буданд.

Соли 1992 Пешвои миллат таъкид сохта буданд: «Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ қадами нахустин баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ гардид».

Ба дурустӣ, Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири халқу миллатро ҳал намуд ва на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ўро муайян сохт.

Ҳанӯз Пешвои миллат аз минбари ин анҷумани саодатофар пайки наҷот ва орзуи расидан ба сулҳу суботро бо итминон ва бовар ба нерўи ақлонии миллати тоҷик иброз доштанд: «Ба њељ кас ва ҳеҷ қуввае қисмат кардани Тољикистони азиз муяссар намегардад. Онњое, ки ба зўрии яроќ сари қудрат омадаанд ва ҳокимияти конститутсионро қасб кардаанд, лаънатзадаи халқ њастанд. Мо омода њастем ва қувваи кофӣ дорем, ки ба онњо муборизаи беамон барем». Дар ҳарфу ҳиҷои вакили мардумӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимод ва бовар, огаҳӣ аз таҷрибаҳои таърихии миллат ва андешаи муттако дар ин андўхтаҳои таърихӣ нуҳуфта буд, ки метавонист маҷмўан роҳеро барои фардоҳо чароғон карда, ваҳдати воқеӣ ва истиқлоли миллатро ба унвон дастоварди беназири таърих таҳким бахшад. Ба иқболи мардуми тоҷик ҳамин тавр ҳам шуд, ки вакилон якдилона садои ниҳонии қалбии хешро ба берун кашиданд ва бо ҳамовозии самимона раҳнамову ҳодии асили миллат – Эмомалӣ Раҳмонро соябоне ҳақиқӣ бар сари миллати хеш пазируфтанд. 

Таърихи 30-солаи Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки кишвари фалаҷгашта ва ба хоку ҷангу хун яксон ба як мамлакати мустақил, демокративу ҳуқуқбунёд, ободу зебо, аз ҷиҳати иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавият такомулёфта мубаддал гардид. Ҳамаи ин дигаргунихо аз ҳадафҳои асосӣ ва дурбинонаи Иҷлосияи тақдирсози миллат, сулҳу суботи ҷомеа ва устувории пояҳои давлатдорӣ маншаъ мегирад.

Воқеан Иҷлосия хатари пош хӯрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати куҳанбунёди тоҷикро аз байн бардошта, дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ҳассос ва ноороми мамлакат саҳми арзанда гузошт. Аз ин рӯ, ин Иҷлосия дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик бо номи Иҷлосияи тақдирсоз мондагор сабт гардид.

Иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошт.

Маҳз дар натиҷаи ҳамин рӯйдоди таърихӣ шањрвандони бонангу номус ба ҳам омаданд, пеши роҳи нооромиҳо, парокандагӣ, маҳалгароӣ, хунрезиҳо, гуруснагӣ ва ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳои беасос гирифта шуд. Соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар инкишоф ёфта, шароити зиндагии сокинони мамлакат рў ба беҳбудӣ ниҳод ва ба рушди сатњи маънавии шањрвандон низ заминаи асосӣ гузошт.

Президенти мамлакат дар яке аз мурољиатномаҳои худ соли 1992 ба мардуми шарифи Тоҷикистон таъкид доштанд: «...Барои ноил шудан ба нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Татбиқи амалии ин ваъда ва устувории Пешвои миллат дар қавлу ҳарфу суханро таърих шоҳид аст. Роҳбари олии мамлакат, дарвоқеъ, бо садоқати комил ба мавқеъ ва ҳадафи худ устуворӣ намуда, баҳри таъмини сулҳ ҷон дар каф талош намуданд.

Агар имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо сулҳ пойдор аст, агар имрӯз сокинони мамлакат дар фазои ором зиндагӣ доранд, агар имрӯз хотири модари тоҷик барои фарзанд ва пайвандони худ осуда аст ва агар имрӯз кабӯтари сулҳ дар ҳар як оилаи тоҷик парафшон аст, ин ҳама дастовард аз баҳамоии мардум ва хидматҳои мондагори ҳадяи илоҳӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Таърих образи як роҳбари содиқ, оқил, хирадманд ва фидоиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон шинохт, ки рафтору гуфтору кирдорашон намунаи ибрат ва пайравист.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.