ҚИРҒИЗИСТОН ДУРӮҒГӮИРО ДАВОМ МЕДИҲАД. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва баёни далелҳои қалбакӣ хонд

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқуловро сохтакорӣ, таҳрифи воқеият ва баёни далелҳои қалбакӣ хонд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». «Чунин изҳорот дар асоси сохтакорӣ ва таҳрифи далелҳои қалбакӣ, инчунин ба иштибоҳ андохтани аҳли ҷамъияти ҳар ду кишвар нигаронида шудааст. Масъулияти оқибатҳои чунин изҳороти бардурӯғ, ки ба виҷдони муаллифони онҳо вобаста аст, дар ин лаҳзаҳо метавонад вазъиятро барои халқҳои мо душвор гардонад», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ вобаста ба мусоҳибаи котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов.



Аз он рӯзе, ки Пешвои муаззами миллат ба саҳнаи сиёсат омаданд, аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буданд, «Ман ба Шумоён сулҳ меорам».Ин ваъдаи содиқи Пешвои моён буд, ки иҷрои вафояшро мардуми бузурги тоҷик тӯли давраи Истиқлолият барало мушоҳида мекунанд. Дар кадом вазъияте набошад, мардуми сарбаландӣ тоҷик эҳсос менамоем, ки дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат ғамхору дилсӯзи миллати хеш ҳастанд.



