Б.Ғафуров: Паёми Пешвои миллат раҳнамои ҷавонон
Санаи 10-уми феврали соли равон дар маҷлисгоҳи МД "Маркази ҷавонон"-и ноҳия мулоқоти муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, Сардори Раесати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси ноҳия Турсунзода Дилором ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Давронзода Дилшод бо стипендиатони Президентӣ ва Раиси ноҳия, ҷавонони фаъол ва донишҷӯёну омӯзгорони Коллеҷи тиббии ноҳия баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас муовини Раиси ноҳия меҳмононро муаррифӣ ва ҳадафи мулоқотро баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣт ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ маънидод намуд.
Меҳмонон пеш аз мулоқот аз дастовардҳои варзишгарони ноҳия дидан намуда, қайд карданд, ки мо варзишгарон бояд ба ин ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, аз ин шароитҳо беҳтар машқу тамрин намуда, обрую нуфуз ва Парчами кишварро ба арчаи ҷаҳонӣ баланд бардорем.
Сипас, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ зимни суханронӣ афзуд, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ҷавонони кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Дастгирии ин табақаи ҷомеа ба таври доимӣ аз сӯи давлату ҳукумат ба назар мерасад.
Инчунин, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода қайд кард, ки вазъи ҷаҳони муосир мураккаб гардида, гуруҳҳои манфиатҷу ба ҳар роҳу восита хостори амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон мебошанд. Бинобар ин мо ҷавононро зарур аст сарҷамъу муттаҳид гардида, дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои давлатӣ, саҳмгузор бошем.
Дар идомаи мулоқот таъкид шуд, бояд ҳар яки мо ҷавонон содиқона дар назди халқу Ватан баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошем.
Дар интиҳо гуфта шуд, ки ҷавонон бояд Паёмро дақиқу амиқ омӯзанд ва дар амалигардии дастуру супоришҳои зикргардида камари ҳиммат банданд. Мулоқот бо саволу ҷавоби чавонон бо меҳмонон ба интиҳо расид.