Эҳтироми асъори миллӣ амри зарурист
Ҳарчанд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор воситаи пардохт дар Тоҷикистон пули сомонӣ мебошад ва бо асъори хориҷӣ бидуни иҷозатнома амалиёти мубодилавӣ манъ аст, баъзе нафарони манфиатҷӯ ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Дар доираи чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотии кормандони прокуратура ва милитсияи ноҳияи Бобоҷон Fафуров фаъолияти ғайриқонунии сарроф ба истилоҳ "валютчик"-ро ошкор намуданд. Шаҳрванд Валиев Толибҷон Охунҷонович соли таваллудаш 1983 истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди бозори "Сомон"-и шаҳри Бӯстон ба хариду фуруши асъори хориҷӣ машғул буд, ки чунин рафтори ғайриқонунӣ беэҳтиромӣ нисбати пули миллиро ифода карда, заминаи ниҳоӣ барои коҳишёбии қурбӣ пули миллӣ мебошад.
Бо методҳои оперативӣ дар шароити идорашаванда баъди иваз намудани 4000 доллар ба 45600 сомонӣ ҳаракатҳои хилофи қонунии Толибҷон Валиев дар нуқтаи кориаш дар даромадгоҳи бозори "Сомон"-и шаҳри Бӯстон ошкор гардид. ҳамчунин аз гумонбаршуда асъори хориҷии 61500 рубли русӣ ва пули миллии сомонӣ дарёфт шудааст, ки сарроф будани Толибҷон Валиевро исбот мекунад. Дар ҳамин асос аз тарафи мақомоти прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Fафуров бо моддаи 286-и кодекси ҷиноятӣ нисбати Толибҷон Валиев парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, ки моддаи 286-и кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 қисм иборат мебошад: муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, иваз намудан бо роҳи фурӯш ва истифодаи он бо сифати дигар намуди пардохт. Дар ҳолати содир шудани чунин ҷиноят ҷазо ба таври ҷарима ва маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 9 сол муқаррар карда шудааст.
Таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки ҳолатҳои ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул гардидани шаҳрвандон дар ҳудудҳои бозорҳо, марказҳои савдо ва ғайраҳо бештар ба чашм мерасад.
Ёдрас мешавем, ки пули миллӣ сомонӣ буда, воситаи ягонаи истиснои қонунии муомилот ва ҳамаи пардохти ҳисоббаробаркунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз тамоми нархнома, тарофа ва воҳидҳо танҳо бо сомонӣ ифода меёбад. Мутаассифона, дар баъзе маврид шаҳрвандон кӯшиш мекунанд, ки додугирифт ва ҳисоб баробаркуниҳоро тавассути асъори хориҷӣ анҷом диҳанд, ба хусус ҳангоми хариду фурӯши воситаи нақлиёт, хона ва дигар моликияти ғайриманқул, ки ин хилофи қонун ва нишонаи беэҳтиромӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Риояи Қонун ва эҳтироми асъори миллӣ барои ҳар як сокини мамлакат амри зарурист, ки онро бояд риоя кард.
Фирдавс Иброҳимзода,
ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Бобоҷон Fафуров