МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМУ МУАССИР МАТРАҲ ШУДАНД

  • Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хуруфотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад. Инро дар мисоли чандин кишварҳои ҷаҳон дар шароити имрӯза низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, мардуми мо бояд огоҳ бошанд ва фирефтаи тарғиботи душманони дину ойин ва миллату мазҳаби худ нашаванд.

Мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша мазҳаби муътадил ва таҳаммулгарои Имом Абӯҳанифа будем ва намегузорем, ки дар байни мардуми кишвар бо истифода аз эҳсосоти динӣ фикру андешаҳои радикалии динӣ ва экстремистӣ паҳн гарданд., - ин нуктаи пурмуҳтаво дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар муфассал баррасӣ гардиданд.

Дар ҳақиқат яке аз падидаҳои манфуру номатлуби ҷомеа ин радикализми динӣ ба ҳисоб меравад. Маънои радикализм аз калимаи лотинии “radix” гирифта шуда, ба маънои “реша”, “бех” далолат мекунад.  Ба қавли ҷомеашиносон “Радикализм ҳамчун истилоҳ ва маҷмўи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад.” 

Бо назардошти авзои сиёсии ҷаҳон моҳияти ин масъаларо дар оила матраҳ намуда, ба фарзандон ва аҳли оила бояд фаҳмонида шавад, ки ноогоҳона ба ҳар ақида ва равия пайравӣ накунанд, зеро ин мафҳум яъне радикализм дар ҷаҳонбинии мардуми дунё гуногун фаҳмида мешавад. Асоси онро таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани қонуниятҳои иҷтимоӣ ва таассубгароӣ ташкил медиҳад.  

Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ,  шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, экстремизми динӣ, риояи фарҳанги либоспушии миллӣ, фаҳмонидани муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ” гуруҳи тарғиботии ноҳия бо сокинони маҳаллаҳои “Гулистон”, “Бобоҷон Ғафуров”, “Маҳаллаи Боло мулоқот доир намуданд.

Дар он Акбар Юсуфӣ, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шамс Бобоҳоҷиев, муовини сардори КДАМ ҶТ дар ноҳия, Парвиз Неъматзода, мудири рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Улуғбек Темиров, мудири бахши танзим ва ҷашну маросим дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров

 

 

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.