ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ НОҲИЯВИИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст, таъкид гардид, дар мулоқоте, ки бо иштироки ҳайати комиссияи ноҳиявии танзими ҷашну маросим, раисони ҷамоатҳо ва сармутахассисони ҷамоатҳо оид ба кор бо дин ва танзими ҷашну маросим баргузор гардид.

Дар баробари тавсияҳои иловагӣ оид ба пешгирии зиёдаравӣ дар мавриди баргузории маъракаҳо, фаъолгардонии амалиёти гурӯҳҳои тарғиботии ҷамоатҳо дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба равияҳои экстремистию террористӣ, риояи фарҳанги липоспӯшии миллӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.