БО ШАРОФАТИ ИСТИҚЛОЛ БА ҲАЁТИ ОСОИШТАВУ СОЗАНДАГӢ РАСИДАЕМ

     Таҳлили ҳаёти 33-солаи таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол собит месозад, ки дар ин давра Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Боиси комёбиҳои Истиқлол,ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро устуворона пеш мебарад. Истиқлолият, воқеан неъмати бузургест,ки дар таърихи навин ҳамто надорад ва мо маҳз бо шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидаем.
"Имрӯз мову шумо бояд чунон хизмат кунем, ки фардо бо сари баланд ба чашми фарзандони худ нигоҳ кунем,назди халқи худ ва таърих шарманда нашавем."
Имрӯзҳо Тоҷикистонро бо кишварҳои пешқадам дар як қатор шуморида метавонем.Барои тасдиқи ин суханҳоям, ки дар тӯли 33-соли Истиқлолият кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар шуд,аҳолӣ пурра бо энергетика таъмин гардид,рукнҳои ҷашнҳои гузаштаи миллиамон барқарор гардид,дар соҳаи маориф,санъат,тиб,энергетика барои пешравӣ корҳои зиёд ба анҷом расид.
Шукронаи ин диёру фарзандону мардони далераш,ки дар диёри мо сулҳу субот ҳукмрон аст.Чи хеле ки Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ баён кардаанд:"Бойигарии Тоҷикистон бисёр аст,вале бойигарии асосии он фарзандони далери он мебошад."
Мадҳу санои гуфтаҳои Пешвои миллат мекунем,ки амнияти мо пайрави Пешвои миллати худ ҳастанду қимати як зарраи хоки Ватанро аз ҷон гарон меҳисобанд ва ҳаргиз онро ба аҷнабиён нахоҳанд дод.
Метавон гуфт,ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории мустақили тоҷикон,сулҳу ваҳдати миллӣ,кафили рушди босубот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд, ки аз ин бояд шукрона намуд.
Сабоат Ҳайдарова,  аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.