Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти бостонии Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон таҷлил мегардад, бори дигар самимона табрик мегӯям.
Ба ҳамаи ҳамватанони азиз, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ – тандурустӣ, саодатмандиву пирӯзӣ ва дар роҳи амалӣ намудани нақшаву ниятҳои созандаву ободгарона комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Сию се сол қабл аз ин мардуми Тоҷикистон аз баракати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, яъне истиқлолу озодӣ тақдири хешро ба дасти худ гирифтанд ва ба эъмори давлатдории миллии худ оғоз карданд.
Тоҷикистон ба шарофати истиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.
Вале дар оғози соҳибистиқлолӣ кишвари азизи мо ба зарбаи даҳшатбори тақдир – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардида, хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон ба масъалаи ҳаёту мамот табдил ёфта буд.
Танҳо бо азму иродаи қавӣ ва дастгириву пуштибонии мардуми шарафманди кишвар ба мо муяссар шуд, ки оташи ҷангро хомӯш кунем, мардуми парешоншударо сарҷамъ созем, ҳастии давлати ҷавонамон ва истиқлолу озодии онро ҳифз намоем.
Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад.
Боиси қаноатмандиву сарфарозист, ки шаҳрвандони мамлакат ҳар як ҷашни милливу давлатии худ, хусусан, ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбуби хешро бо заҳмати созанда ва дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд.
Сокинони заҳматқарини вилояти Суғд – ин диёри бостониву аз лиҳози истеҳсолоти саноатӣ тараққикарда низ то имрӯз иқдомҳои бузурги созандагиву ободониро амалӣ намудаанд.
Тибқи нақша дар вилоят то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1-уми августи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду таҷдиди 6700 иншоот ба анҷом расонида шудааст, ки қариб 58 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми ободкори вилоят, аз ҷумла ба соҳибкорони ватандӯсту ташаббускор ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳ барои иқдомоти созандаашон ба хотири ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон миннатдорӣ баён менамоям.
Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери парчами истиқлолу озодӣ, яъне парчами нангу номуси миллӣ ва дар атрофи сиёсати созандаву ободгаронаи Ҳукумати мамлакат муттаҳиду сарҷамъ гардида, дар ҷодаи тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёри худ ва фароҳам овардани зиндагии муносибу шоистаи ҳар як хонадони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Вале фаромӯш набояд кард, ки роҳи расидан ба чунин рӯзҳои осуда ва дастоварду пешравиҳои имрӯза чандон ҳамвору осон набуд.
Тайи 33 соли соҳибистиқлолии давлатӣ мардуми кишвар рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ва душвориҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро аз сар гузарониданд ва ҳоло ба шукронаи сулҳу суботи комили мамлакат содиқона заҳмат мекашанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят мунтазам таъмин гардида, дар соли 2023 ба беш аз 35 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 72 баробар зиёд мебошад.
Танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 15 баробар афзоиш ёфтааст.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақша дар соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ пешбинӣ гардида, дар 7 моҳи соли 2024-ум 106 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият оғоз кардааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишоварзони вилояти Суғд дар таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоштаанд ва соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро ба 19 миллиард сомонӣ расонидаанд, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 7,3 баробар зиёд мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи якчанд лоиҳаи бузургҳаҷм, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Ҷануб – Шимол, Гулистон – Ашт ва лоиҳаҳои бузурги таҷдиди роҳҳои мошингард орзуи деринаи сокинони вилоят, яъне пайвастшавӣ бо марказ ва ҷануби кишвар дар чор фасли сол ва дастрасии доимӣ ба неруи барқи худӣ амалӣ гардид.
Яъне бо амалӣ гардидани ин лоиҳаи бузург вилояти Суғд ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат пайваст шуд.
Бунёди шоҳроҳҳои байналмилалии Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ ва сохтмони нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ба масофаи 354 километр ва роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент бо дарозии 113 километр аз ҷумлаи иқдомоти бузурги амалинамудаи Ҳукумати мамлакат буданд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд такони ҷиддӣ бахшиданд.
Аз ҷумла рафтуомади бехатари мусофирон ва интиқоли бемамониати молу маҳсулот аз вилоят ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ дар чор фасли сол таъмин гардид.
Ҳоло дар ин самт боз як лоиҳаи муҳим – таҷдиди роҳи мошингарди Деҳмой – Конибодом – Исфара босуръат идома дорад.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани раванди созандагиву ободонӣ имрӯз симои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят куллан дигаргун гардида, тарҳи зебову замонавӣ гирифтааст.
Умуман, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи зиёда аз 75 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар вилояти Суғд беш аз 13 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Ҳоло дар вилоят боз 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то имрӯз азхудшуда зиёда аз 2 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин раванд, маблағгузорӣ ба соҳаҳои маорифи вилоят аз соли 2010 то соли 2023-юм 6,6 баробар ва ба соҳаи тандурустӣ 7,5 баробар афзудааст.
Бо дастгириву ғамхориҳои давлат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят 609 иншооти соҳаи маориф барои беш аз 101 ҳазор хонанда ва 500 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Пешравиҳое, ки вилояти Суғд дар зарфи беш аз сӣ соли охир ба даст овардааст, натиҷаи амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон ва заҳмати аҳлонаи мардум мебошанд.
Дар баробари ин, бори дигар таъкид менамоям, ки вилояти Суғд дорои имконияту захираҳои бузурги то ҳанӯз истифоданашуда мебошад ва истифодаи самараноки онҳо ба хотири боз ҳам вусъат додани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз кору фаъолияти содиқонаи тамоми роҳбарону фаъолон ва азму талоши созандаи ҳар як сокини вилоят вобастагии мустақим дорад.
Ман ба мардуми шарафманди вилояти Суғд, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯсти он муроҷиат мекунам, ки мо бояд боз ҳам бештар кор кунем, заҳмат кашем ва ҳар иқдоме, ки пеш мегирем, даҳсолаву садсолаҳоро дар назар дошта бошем, яъне барои ояндаи ободи Ватан ва наслҳои фардои он таҳкурсии мустаҳкам гузорем.
Фаромӯш набояд кард, ки Ватан аз мост ва тамоми масъалаву мушкилоти онро мо худамон бо заҳмати аҳлонаву содиқона бартараф месозем.
Мо бояд ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи саноат, коркарди маҳсулот ва содироти онро рушд диҳем, дар шароити пурҳаводису мураккаби ҷаҳон барои ҳамватанонамон ҳарчи бештар ҷойи кор муҳайё намоем.
Чунонки дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш гуфтам, ба таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони замони нав эътибори аввалиндараҷа диҳем ва барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё намоем.
Ба тамоми роҳбарону масъулон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку ҷамоатҳо такроран хотиррасон менамоям, ки тозагиву ободӣ аз хонаву кошонаи ҳар яки мо, аз маҳалли зист, кӯчаву хиёбон, шаҳраку деҳа ва шаҳру ноҳияи ҳар яки мо сар мешавад.
Мардумро ба ободкориву созандагӣ сафарбар кунед ва дар ин ҷода худатон ташаббускору пешсаф бошед.
Бовар дорам, ки сокинони сарбаланди вилоят ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу суботи комили Тоҷикистони маҳбубамон чун ҳарвақта софдилона заҳмат кашида, дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд мегузоранд.
Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони меҳмоннавозу шарафманди вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори 33-юмин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони сокинони вилоят саломативу саодатмандӣ, сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Ҳамеша хушбахту хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!