Муқовимат ба коррупсия – вазифаи дастаҷамъист!
Муқовимат ба коррупсия аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо мақсади татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қарори дахлдори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафти иҷрои Стратегияи мазкур дар кори Маҷлиси Ҷамоати шаҳраки Ғафуров мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Муовини раиси Ҷамоат Ҷумъаназарова Фарангис зимни пешниҳоди маърӯза оид ба масъалаи мазкур зикр дошт, ки нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Ҷамоати шаҳраки Ғафуров аз 9 банд иборат буда, комиссияи ҷамъиятии Ҷамоат корҳои назаррасеро дар самти муқовимат ба коррупсия ба иҷро расонидааст.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Халифаёр Парвиз бо ёдрасӣ аз эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ оид ба муҳиму саривақтӣ будани масъалаи баррасишаванда андешаронӣ намуда, таъкид намуд, ки муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъӣ ва вазифаи ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони маҳаллаҳо мебошад. Бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯз, то рафт афзоиш ёфтани хатару таҳдид ба мафкураи ҷомеа, зиёдшавии омилҳои номатлуб, инчунин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа даъват ба амал оварда шуд, ки нисбат ба масъалаи пешгирӣ ва ошкоркунии падидаҳои коррупсионӣ бетарафӣ зоҳир накунанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров