БАҲРИ БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намояндагони сохторҳои қудратӣ ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»,«Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», фарҳанги либоспӯшии занону бонувон, пешгирии бегонапарастӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо сокинон, хосатан занону бонувони маҳаллаи «Шараф» - и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Усмонов сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар мулоқот аъзоёни гурӯҳи тарғиботии ноҳия муовини Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии дар ноҳия Хушбахтзода Камолиддин, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҳоҷибоева Уғулой, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Мирпочоева И, муовини Раиси ҷамоат Шодибоева М ва директори МТМУ №12 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров