ИДОМАИ МУЛОҚОТУ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ
Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти навбатии роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва қудратии ноҳия бо сокинону фаъолони деҳоти Овчиқалъача ташкилу баргузор карда шуд.
Муовини раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ ва намояндаи шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримӣ Комил дар мавзӯи «Ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосир» оид ба масъалаҳои пешгирии ҳамаи намуди ҷинояткориҳо, динситезӣ ва хурофот, оқибатҳои харобиовари гирифторӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ бо мисолҳои воқеӣ суханронӣ намуданд.