ПОЙДОРИИ АМНИЯТ ДАР МАМЛАКАТ – КАФОЛАТИ ЗИНДАГОНИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

     

    Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти навбатии сардори шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷуразода Самандар бо сокинон ва фаъолони деҳоти Унҷӣ баргузор гардид. Дар доираи мавзӯи «Ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосир» оид ба масъалаҳои вазъи ташвишовари ҷаҳони муосир дар самти пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон ба равияҳои ифротиву тундгаро, масъулияти волидайну омӯзгорон дар тарбияи дурусти кӯдакону наврасон, ҷиноятсодиркунӣ, тадриси ғайриқонунии динӣ, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ дар мавриди корбурд бо шабакаҳои иҷтимоии интернет, оқибатҳои харобиовари гирифторӣ ба равияҳои экстремистиву террористӣ, татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, танзими ҷашну маросим, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва дигар масъалаҳои доғи рӯз бо мисолҳои воқеӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.