КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

          Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти навбатии роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва қудратии ноҳия бо сокинону фаъолони деҳоти ба номи Дадобой Холматов ташкилу баргузор карда шуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Парвиз Халифаёр ва намояндаи шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Холов Қосимҷон дар доираи мавзӯи «Ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосир» оид ба масъалаҳои пешгирии ҳамаи намуди ҷинояткориҳо, динзадагӣ ва хурофот, оқибатҳои харобиовари гирифторӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ бо мисолҳои воқеӣ суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.