МУЛОҚОТИ ВАКИЛ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳоти Хистеварз баргузор гардид. Зикр карда шуд, ки тавассути эҳтироми воло ва риояи Конститутсия имкон фароҳам омад, ки обрӯю эътибори байналхалқии Тоҷикистон боло рафта, дар ҳамкориҳои пурсамар, иқтисодиёти кишвар рушд ва риштаҳои дӯстию рафоқат густариш ёбад. Мардуми соҳибзафари мо иқболи баланди хешро дар он мебинанд, ки дар ҷомеаи боадолат умр ба сар мебаранд ва давлату Ҳукумат бо роҳбарии Асосгугузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон икдомҳои некро барои таъмини сулҳу озодии шаҳрвандон бо татбиқу фарогирии Конститутсия амалӣ мекунанд.
Иштирокдорон аз баргузории мулоқот изҳори сипосмандӣ баён намуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров