ЧАШМАСОР: ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲО ДАР ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Мулоқоти навбатии роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва қудратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо сокинону фаъолони деҳоти Чашмасор ташкилу баргузор карда шуд. Акбар Юсуфӣ, муовини раиси ноҳия ва намояндаи шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қосимҷон Холов оид ба ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он дар шароити муосир, масъалаҳои вазъи ташвишовари ҷаҳони муосир, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, махсусан ҷавонону наврасон ба равияҳои тундгаро, масъулияти волидайну омӯзгор дар тарбияи дурусти кӯдакону наврасон, ҷиноятсодиркунӣ, тадриси ғайриқонунии динӣ, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ истифодаи бомавриди шабакаҳои иҷтимоии интернет, оқибатҳои харобиовари гирифторӣ ба равияҳои экстремистиву террористӣ, татбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, танзими ҷашну маросим, масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ва дигар масъалаҳои муҳиму мубрам бо мисолҳои воқеӣ суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров