РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия дар маҷлисгоҳи Шуъбаи №2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси идона баргузор гардид. Муовини Раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ таманиёти идонаи Раиси ноҳия Нусратулло Салимзодаро қироат намуда, иштирокдоронро бо фарорасии иди касбӣ табрик намуд.
Гуфта шуд, ки маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид.
Дар идома сардори шуъбаи №2 Ҷамшед Зубайрзода зимни суханронии худ бо ифтихормандӣ зикр дошт, ки кормандони шӯъбаи №2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия вазифаи хешро сарбаландона иҷро намуда, дар ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ, истиқрори сулҳу субот ва амнияти ҷомеа бо саъю кӯшишҳои фидокоронаву ватандӯстона нақши арзанда гузошта истодаанд.
- кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз низ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳкими субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи моликияти давлат ва шаҳрвандон қарор дошта, вазифаҳои мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро мекунанд, илова намуд ӯ.
Дар ҷамъомад изҳори боварӣ гардид, ин ниҳоди пурқудрат минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи маънавию ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Дар интиҳо кормандони пешсафи соҳа бо мукофотҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сардори шуъба сарфароз гардонида шуданд
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров