ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

   

     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлолияти давлатии худ ба бисёр дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гардидааст. Маҳз бо заҳмату талошҳои Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳофару сулҳпарвар ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун Президенти ҳомии сулҳ мешиносанд.

    Сарвари давлат дар замонҳои басо сангини иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари қудрат омада, мардуми ваҳшатзадаву саргуми тоҷикро сарҷамъ намуданд. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик ниҳоят давраи нави рушди давлатдорӣ ва бақову мароми халқ гардида, барои манфиатҳои халқу кишвар шароити муосири таҳкими давлатдориро фароҳам овард.

    Ҳақиқатан, Истиқлолият асосии рушди босуботи давлатдорӣ мебошад. Соҳибистиқлолӣ ин нишона аз ҳуввияти миллӣ, ифтихори давлатдорӣ, номуси мардонагӣ бақои ҳар як давлату миллат мебошад. Истиқлолият бар он мусоидат мекунад, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои назаррас ба даст оварад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Таъкид месозам, ки расидан ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, арҷ гузоштан ба сулҳи пойдор, ваҳдати комил ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ барои наврасону ҷавонон шарафи бузург мебошанд.”

   Баъди соҳибистиқлол гардидан ва сохтани давлати навбунёд, санаи 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони ҳизбӣ Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил карда шуда, 15 декабри соли 1994 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардид. Дар арафаи имзогузории Созишномаи истиқрори сулҳ 25 июни соли 1997 Ҳизби Халқии Тоҷикистон номашро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иваз карда, соли 1998 Вакилони Анҷуман Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси ҳизб интихоб карданд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Анҷуман қайд карда гуфтанд, ки «таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд».

   Ҳамин тариқ, фаъолияти ҳизб барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона карда шудааст.

   Мақсади асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Оиннома ва Барномаи худ бо донишу маҳорат ва маънавиёти баланди аъзоёни таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои давлатдорӣ буда, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият барои ободии имрўзу фардои давлату миллат ва таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа дар роҳи бунёди давлати босубот ва тараққикардаи иҷтимоии шаҳрвандон масъулияти басо калон нишон додааст. Дар вазъияти кунунии бо суръати тез тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таҳаввулоту дигаргуниҳо дар ҳаёти байналмилалӣ мароми ҳизб барои ба даст овардани ҳадафи олӣ боз ҳам устувортар гардидааст.

   Имрӯзҳо суботи ҷомеа, ҳамкорӣ ва рақобати солими нерўҳои сиёсӣ барои касби нуфуз ва қудрати давлатӣ муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистони озоду демократист. Бинобар ин яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳифзи дастовардҳои миллӣ, густариши равандҳои демократӣ, вусъат бахшидани арзишҳои миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ байни ҳамаи табақаҳои аҳолии мамлакат мебошад. Ҳамкории судманди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ омили босуботи сиёсӣ дар ҷомеа аст.

   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми 30 соли фаъолияти худ бо туфайли ҳамкорӣ ва саъю талоши ҳамаи нерўҳои хайрхоҳи ҷомеа пойдевори мустаҳками рушди устувори демократияро гузошта, барои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сафи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид намудан заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.

   Имрӯз ҲХДТ бо мақсадҳои устуворонаи ҷорӣ кардани низоми сиёсие, ки дар заминаи мустақилияту тақсими қудрат миёни се шохаи ҳокимият поягузорӣ мешавад, интихоботи озоду демократӣ, қабули арзишҳои умумибашарию меъёрҳои эътирофгаштаи ҳуқуқҳои инсон, стандартҳои байналмилалии ҳуқуқу озодиҳои сиёсию шаҳрвандӣ, дар сатҳи қонунӣ ва амалан татбиқ гардидани принсипи дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, роҳ надодан ба маҳдудиятҳои сиёсӣ ва миллию мазҳабӣ дар ҷамъият, ҳамчун меъёри демократӣ пазируфта шудани озодандешӣ, раъйдиҳии озодонаи шахс, озодии ахбору иттилоот, сиёсати «дарҳои кушода», ки барои ба фазои ҷаҳони мутамаддин ворид гардидани Тоҷикистон мусоидат мекунад, обрўю эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштааст.

   Дар асоси Барномаи худ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз зинаҳои поён то боло, таъмини волоияти қонун ва низоми ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳизб ба шумор меравад.

   Бо ин мақсад ҲХДТ зимни кўшишҳои минбаъда барои таҳкими ҳокимияти президентӣ ҳамчун омили суботи сиёсӣ дар ҷомеа ба хотири идомаи ислоҳот дар низоми идораи давлат, таъмини самараи фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти қудратӣ, баланд бардоштани масъулияти сиёсии шохаҳои ҳокимият, бахусус ҳокимияти иҷроия, тадбирҳои зарури андешида, барои роҳандозӣ намудан ба ҳукумати мамлакат пешниҳод мекунад. Дар заминаи ин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон,эҳтиром гузоштан ва иҷро кардани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо дар тамоми ҷомеа, инчунин таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои назаррасу мондагоре ба анҷом расонидааст.

   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмиллалии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф кардааст, Барнома ва Оинномаи худ фаъолият мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

   Имрӯз саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду нумуи давлатдории миллӣ басо калон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки сохтани давлати ободу озод барои миллати тоҷик басо бо меҳнатҳои сангину шабонарӯзӣ ва ҷонбозиҳои фарзандони сарсупурдаи давлату миллат насиб гардидааст. Бинобар ин барои нигоҳ доштани истиқлолият ва ваҳдату ягонагӣ саҳми ҳар як шаҳрванди баору носус ва аъзои донишманду қавииродаи ҳизб калон аст, зеро ҳимоя ва ҳифзи истиқлолият ҷонбозиҳоиро мехоҳад.

ХУРШЕДА ХУДОЙДОТОВА – АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲХДТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ МАҲАЛЛАИ “БОБОҶОН ҒАФУРОВ”.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.