ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
Дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Сарбози ватанро истиқбол мегирем!" имрӯз дар ҷамоати Овчиқалъача, сарбозе, ки қарзи шаҳрвандии худ хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ ба анҷом расонида, сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуд.
Дар фазои тантанавии истиқболи сарбози далери Ватан дар назди манзили иқоматиаш ба шодиву комронии волидон сурат гирифт, ки тамоми хурду бузурги маҳалла ҷамъ омаданд. Масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва масъулин Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача сарбозро барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ самимона таҳният гуфта, ба номбурда ва аъзои оилаи он Сипосномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Сипас аз сарбоз даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия бо ҷавонону наврасон вохӯриҳо баргузор намуда, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ватан ҳисси ватандӯстии ҷавононро бедор намоянд.