ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ПУРИФТИХОР

      

     Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти хешро дар асоси Оиннома, Барнома, қарорҳои Анҷумани 13 ва 14-уми ҳизб ва дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, сафарҳои кориашон ба вилояти Суғд, нақшаи чорабиниҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри амалӣ сохтани ин ҳадафҳо як қатор корҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст.

Соли ҷорӣ аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маром ва ҳадафи асосии он танҳо хизмат ба халқ мебошад, 30 сол сипарӣ мешавад.

Фаъолияти ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳз бо номи Раиси Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст. Зеро замони оғози фаъолияти он ба рӯзҳое рост омаданд, ки сокинони ваҳдатшиори ноҳия аз сулҳи бебозгашти кишвар дар шаҳри Маскав ва оғози баҳамоии тарафҳо дар қасри таърихии «Арбоб» сухан меронданд. Зимни таблиғот барои аъзо шудан ба Ҳизб бештари фаъолон номи Президети Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба забон меоварданд. Зеро Роҳбари давлат маҳз аз ҳамин маскан сарвар ва раҳнамои миллат интихоб шуда, барои сулҳу оромии кишвар замина гузоштанд. Ва ҳамон тавре гуфта буданд: «Ман барои кишварам сулҳ меорам», ба аҳдашон вафо карданд.

Ниҳоят оғози фасли баҳори соли 1998 аниқтараш санаи 4 март барои сокинони ин ноҳия, хоса ба аъзоёни фаъол чун рӯзи нек ва саодат маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин рӯз гурӯҳе аз фаъолон сарҷамъ шуда, ҷаласаи нахустинро дар ноҳия доир намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласа танҳо ду масъала: ташкили кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва интихоби роҳбари он буд. Бо ҳамраъйӣ беш аз 100 нафар барои ташкили ҳизб овоз доданд. Ҳамзамон дар ҷаласа роҳбари кордида, олими нуктасанҷ  Осим Каримов, ки дар як вақт роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияро ба зимма дошт, раиси кумиҷроия интихоб шуд.

Акнун дар назди кормандони ҳизбӣ, ҳарчи зиёд намудани сафи аъзо ва пайравони ҳизб меистод. Бо ин мақсад дар деҳаҳои Оқариқ, имрӯза “Мусаффо” “Даштак”, “Матаиб” - и ҷамоати деҳоти Унҷӣ, деҳаи «Тоҷикистон» - и ҷамоати деҳоти Қистакӯз (ҳозира Хистеварз) хоҷагии ба номи Пӯлод Бобокалонови ҷамоати деҳоти Ғозиён, ҷамоати деҳоти Исфисор, маҳаллаҳои “Сойча”,  “Ҷўи Мазор”, “Кӯчаи калон”, “Сангин Ҳоҷӣ” - и ҷамоати деҳоти Ёва, шаҳраки Ғафуров, ҷамоати деҳоти ба номи  Д. Холматов, кооперативи истеҳсолии ба номи Турсунбой Қӯшатови ҷамоати деҳоти Исмоил, ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, беморхонаи  ҷамоати Исмоил ва дигарон, ки шумораи аъзоён ба тадриҷ меафзуд, созмонҳои аввалия ташкил гардида, вазифаи роҳбари ташкилотҳои ибтидоиро аксаран шахсони масъулиятпешаву аз нигоҳи мавқеи сиёсӣ шахсони обутобёфта бар дӯш гирифтанд.

Агар дар соли нахустини фаъолият ҳамагӣ беш аз 60 нафар ҷавонон ба сафи ҳизб пайваста бошанд, пас ин рақам дар солҳои минбаъда рӯ ба афзоиш ниҳод. Имрӯз дар сафи ҳизби ноҳия беш аз 6909 нафар ҷавонон шомил ҳастанд. Аъзо намудани занони зиёӣ, фаъолу ҷамоатчӣ низ аз рисолати асосии ҳизбиён маҳсуб шуда, дар ин бахш асосан ба он бонувон такя карда шуда буд, ки воқеан ҳам дар ҷамъият мавқеъ доштанд. Бо баргузории якчанд чорабиниҳои аз қабили «Зан ва замин», «Зан ва сиёсат» занон низ ба сафи ҳизб таблиғ мешуданд. Ҳоло дар сафи аъзоёни кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ 12665 нафар занон дар қайд мебошанд, ки ҳар яки онҳо барои таблиғу ташвиқи ғояҳои ин ҳизби бонуфуз саҳми арзанда мегузоранд.

Ҷонибдории ҳаматарафа аз иқдомҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо сиёсати хирадмандонаи роҳбари ҳизб марбут аст, нишон медиҳад, ки имрўз мардум ба ин ташкилоти пурқудрат бо назари нек таваҷҷуҳ намуда, аз пештара бештар майли аъзо шудан ба ин ҳизби бонуфузро доранд.  То имрӯз дар ноҳия 4 Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 124 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият менамояд, ки 18847 нафар аъзоро фарогир аст. Ташкилотҳои мазкур дорои утоқҳои алоҳида бо фароҳамии ҳуҷҷатгузориҳо аз қабили Оиннома ва Барномаҳои ҳизб, Қарорҳои Анҷуманҳо, конфронсҳо  ва семинарҳо буда,  протоколҳои баргузории ҷаласаҳои ҳизби ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дар он гирд оварда шудааст. Ҳамзамон, дар ин утоқҳо бастаҳои нашрияҳои ҳизбӣ барои аъзоён хидмат мекунад.

Дар тӯли фаъолияти худ кумиҷроияи ноҳиявӣ ба якчанд дастовардҳо ноил гардид. Ин ҳам бошад, сохтмони бинои маъмурии кумиҷроия, ки  тариқи ҳашари умумии аъзоёни ҲХДТ соли 2015 оғоз гардида, бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода санаи 18 декабри соли 2018 ба истифода дода шуд.

Бино аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 5-утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ, мебошад, ҳамаи утоқҳо бо лавозимотҳои корӣ таҷҳизонида шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки моҳи июли соли ҷорӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои фаъолияти пурсамар дар давраи ҳисоботӣ бо тӯҳфаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо як нақлиёти сабукрави хизматӣ сарфароз гардонида шуд.

Бояд қайд намоем, ки дар самти қабул ба сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони барӯманд, занон, ҷавонон, татбиқи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо ҳамаи соҳаҳои мухталифи ҷомеа, иҷроиши обунаи нашрияҳои ҳизбӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб минбаъд низ кўшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар як узви ҲХДТ ба ҳадафҳои пешгирифтаи он эътимоди қавӣ дошта, ба кори ҳизб ва ғояҳои созандаи он содиқу устувор бошад.

Баробари ин масъулияти таърихие, ки ҳизб дар назди ҷомеа дорад, ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро вазифадор менамояд, ки аз рӯйдодҳои муҳими сиёсии кишвар ва хориҷи он воқиф бошад ва ба он баҳои сиёсӣ дода тавонад.

Дар марҳилаи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳи тайнамудаи кишвари азизамон нигариста, қаноатмандии бузургро эҳсос намуда, бо ифтихор бояд гуфт, ки ҳизби мо ифтихори мо аст.

Ҷашнгирии 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  моро водор менамояд, ки бори дигар ба гузаштаи худ дида дӯхта, аз сабақи бардоштаи хеш натиҷа гирем ва дар зери ғояҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон танҳо барои пешбурди сиёсати давлатамон, рушду нумӯи кишвар ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як сокини Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

 Амир АНВАРЗОДА, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.