ҲИЗБИ МУВАФФАҚ
Бо ифтихор ва сарфарозӣ қайд менамоем, санаи 10-уми декабри соли равон ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30-сол сипарӣ мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давоми 30-соли фаъолияташ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои мардумро ҳимоя карда, баҳри тинҷиву осоиштагӣ, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳалли масоили мавҷудаи ҷомеа саҳмгузор мешавад ва сазовори эҳтироми халқу давлат гардидааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади ифодаи азму иродаи мардум ташкил ва ҳамчун зодаи Истиқлол рушд кардааст.
Ҳадафҳои минбаъдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пойдории сулҳу суботи саросарӣ, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва боз ҳам фаъолтар сохтани нақши ҳизб дар беҳтаршавии сатҳи некӯаҳволии мардум равона шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон иброз доштаанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад”.
Мавриди зикр аст, ки дар арсаи сиёсат ҳизбҳои зиёдеро медонем, ки таърихи беш аз садсолаҳо доранд, вале ҳеҷ гоҳ ба чунин маҳбубияти аҳли ҷомеа мушарраф нагардидаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби ормонҳои халқ ва дар хизмати халқ мебошад. Ин ҳизб дар фазои озоди сиёсии кишвари азизамон бо маҳбубият ҷойгоҳи устувор ва мақому манзалати худро пайдо кардааст.
Мо масъулину аъзоёни ҳизбро масъулияти бузурги бовариву эътимоди ин ҳизби мардумӣ, водор менамояд, ки пайваста дар байни мардум бошем, ҳадафҳои олии ҳизбро, ки бо шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” қадамҳои устувор мегузорад, тарғибу ташвиқ намоем. Боло бурдани обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро вазифаи ҷонии худ ҳисобем. Ҷашни 30 – солагии ҲХДТ метавонад, ҳамчун як фурсат барои баррасии дастовардҳои се даҳсола, ҳамчунин баррасии ҳадафҳои ояндаи ҳизб ва нақши он дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон бошад.
Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо, бояд тамоми кӯшишҳои худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизмонро ба як кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.
Саёҳат Негматҷонова, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.