ҶАВОНОН ВА ҲИЗБ

   

     Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби даврони Истиқлол, ҳизби марҳилаи нави бунёди ҷомеаи демократӣ, яъне ҳизби зодаи Истиқлол мебошад.

Бунёди ҳар як ҳизби сиёсӣ тақозои замон аст. Агар аз ин нуқтаи назар мо ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нигоҳ кунем, воқеан он дар даврае амалӣ гардид, ки Тоҷикистон дар як марҳилаи душвори таърихи худ қарор дошт. Ин давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва пайдо шудани зиддияту барҳам хӯрдани манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни аҳолии кишвар буд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Роҳбари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи саҳнаи сиёсии кишвар омадааст, бо барномаҳои воқеӣ ва иҷрошавандаи худ дар бароварда сохтани ормонҳои мардум талош меварзад ва ҷиҳати таъмини зиндагии арзанда барои ҳар як сокини мамлакат минбаъд низ мусоидат хоҳад кард.

Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолиятро миёни ҷавонон яке аз вазифаҳои умдаи худ дониста, ҳамеша ба ин паҳлӯи кор аҳамияти махсус медиҳад.

Яке аз вазифаҳои дигари муҳими ташкилотҳои ҳизбӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани ҷавонон аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерӯи созанда ва тавонои ҷавонон эътимод дошта, нақши онҳоро дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувор намудани рукнҳои давлатдорӣ, ҳимояи марзу буми Ватан муҳим арзёбӣ менамояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ворисони созандаи фардо эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати дастгирии иқдомҳои шоистаи онҳо баҳри ободии кишвар пайваста ҳамкорӣ мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Роҳбари оқилу дурандеш, пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба як нерӯи созандаю бунёдкор ва масъулиятшинос табдил ёфтааст.

Ҷавонон нерӯи азим дар ҷомеа ба шумор рафта, муҳимтарин хусусияти иҷтимоӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо меросбарист. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисаш кори худро бо дарназардошти манфиатҳо ва ба фаъолияти сиёсии хеш ҷалб намудани доираи васеи ҷавонони кишвар ба роҳ монда, дар ин самт ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Ҷавонони имрӯза аз сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии ватани соҳибистиқлоламон шукргузорӣ намуда, сарҷамъона барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” кӯшиш ба харҷ дода, барои ободию гулгулшукуфоии кишварамон саҳми босазои худро мегузоранд.

Яке аз омилҳои маҳбубияти ҲХДТ ин манфиатҳои Ватану миллат, ҳимояи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва суботи ҷомеаро ба мақоми аввал гузошта, таъмини зиндагии шоистаи мардумро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.

Санаи 10-уми декабри соли 2024, ки аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад, барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб санаи таърихист.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли солҳои фаъолияташ пастию баландиҳо, мушкилоту муаммоҳо ва дастоварду пирӯзиҳои зиёдеро дида, имрӯз ба як ташкилоти тавоное табдил ёфтааст.

Дилором Убайдуллоева, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров                 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.