ТАЪМИНИ АМНИЯТ КАФОЛАТИ ОРОМИВУ ОСУДАГӢ

Рӯҳбаландӣ аз Паём

- Рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Яъне таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти марбута дар ин самт тамоми чораҳоро меандешанд. Сарвари давлат қайд карданд, ки «мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.” - Чунин буд, масъалаи матраҳшуда, бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни баррасии нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” аз 28 - уми декабри соли 2024.

Акбар Юсуфӣ, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қосимҷон Холов, намояндаи шуъбаи дар ноҳия будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, зимни суҳбат ва тарғиби нуктаҳои муҳими Паёми ироашуда, аз фаъолон ва иштирокдорони маҷлис даъват ба амал оварданд, ки бо назардошти таъкидҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиракии сиёсиро пешаи фаъолият қарор дода, дар тарбияи ватандӯстиву худшиноси миллии наврасону ҷавонон ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеа масъулиятнокӣ зоҳир намоем.

Мулоқот бо табодули афкор ва пешниҳодҳои судманд анҷом пазируфт.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.